Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон се додрасро барканор кард - чаро?

© пресс-служба президентаЭмомали Рахмон, Президент Таджикистана
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон се додрасро барканор кард. Далели ин тағйироти кадрӣ дар фармонҳои президент зикр шудаст
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои се фармон, се додрасро барканор кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, ки нусхаи санадҳоро нашр кардааст, тибқи фармони рақами 69-и президент Аҳтам Раҷабалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ: аз ҷойномҳо то дороии додрасҳо баррасӣ мешавад
Далели барканорӣ, расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфта мешавад.
Тибқи як фармони дигари президент, додраси ноҳияи Дӯстӣ Латофат Ҷаъфарзода низ аз мақом барканор гардид.
Далели озод шудан аз вазифа ба охир расидани муҳлати ваколат гуфта мешавад.
Тибқи фармони рақами 159-и раисҷумҳур, Қурбоншозода Нозигул Мастоншо аз вазифаи судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0