https://sputnik.tj/20210416/ima-afghonistonro-tark-mekuand-1038533585.html
ИМА Афғонистонро тарк мекунад?
ИМА Афғонистонро тарк мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Афғонистон аз тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз ин кишвар ба хашм омадаанд
2021-04-16T17:00+0500
2021-04-16T17:00+0500
2021-04-19T16:58+0500
видео
афғонистон
толибон
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038527906_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_a870f612744901bab1daa25949894e63.jpg
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт, “сарбозони Амрико вақте раисдааст, ки хона баргардед". ИМА давоми 20 сол натавонистанд бо "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) созиш кунанд ва барқароркунии сулҳро ба ин кишвар наздик кунанд. Нерӯҳои ИМА кай пурра аз Афғонистон хориҷ мешаванд? Ва чаро ба назари Вазорати корҳои хориҷии Русия, онҳо бояд дар назди ҷангҷӯён посух диҳанд?Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт, тасмими Амрико барои таъхир дар раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи сентябр, раванди сулҳ дар ин кишварро душвор мекунад.Замир Кобулов, рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эълом кард, ки тасмими рӯзи сешанбеи давлати Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 11 сентябр, нақзи тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) аст.Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд, ки барои давлати ин кишвар хориҷсозии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи майи 2021 душвор хоҳад буд, аммо Вашингтон ҳеч қасде барои боқӣ гузоштани нерӯҳо дар Афғонистон то соли оянда надорад.Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.Гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) ба давлати Байден дар мавриди иҷро накардани тавофуқномаи сулҳ барои хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар аввали моҳи майи 2021 ҳушдор додааст.
https://sputnik.tj/20210415/vokunishi-amriko-huruji-nizomiyon-afghanistan-1038500635.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038527906_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_93efc37c4c70f62f4724d20872af71c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, афғонистон, байден, тарк, хуруҷи нерӯҳо
амрико, афғонистон, байден, тарк, хуруҷи нерӯҳо
ИМА Афғонистонро тарк мекунад?
17:00 16.04.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) Мардуми Афғонистон аз тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз ин кишвар ба хашм омадаанд
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт, “сарбозони Амрико вақте раисдааст, ки хона баргардед".
ИМА давоми 20 сол натавонистанд бо "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) созиш кунанд ва барқароркунии сулҳро ба ин кишвар наздик кунанд.
Нерӯҳои ИМА кай пурра аз Афғонистон хориҷ мешаванд? Ва чаро ба назари Вазорати корҳои хориҷии Русия, онҳо бояд дар назди ҷангҷӯён посух диҳанд?
Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт, тасмими Амрико барои таъхир дар раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи сентябр, раванди сулҳ дар ин кишварро душвор мекунад.
Замир Кобулов, рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эълом кард, ки тасмими рӯзи сешанбеи давлати Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 11 сентябр, нақзи тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) аст.
Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд, ки барои давлати ин кишвар хориҷсозии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи майи 2021 душвор хоҳад буд, аммо Вашингтон ҳеч қасде барои боқӣ гузоштани нерӯҳо дар Афғонистон то соли оянда надорад.
Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.
Гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) ба давлати Байден дар мавриди иҷро накардани тавофуқномаи сулҳ барои хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар аввали моҳи майи 2021 ҳушдор додааст.