https://sputnik.tj/20210416/chi-umonei-bozgasht-muhojiron-rusiya-1038534908.html
Коршинос гуфт, чӣ монеи бозгашти муҳоҷирон ба Русия мешавад
Коршинос гуфт, чӣ монеи бозгашти муҳоҷирон ба Русия мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон пас аз чанд сол ба сохтмонҳои Русия бармегарданд. Дар ин бора мудири кулли РАКС Николай Алексеенко гуфт.
2021-04-16T17:15+0500
2021-04-16T17:15+0500
2021-08-10T14:39+0500
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102753/92/1027539279_0:354:1920:1434_1920x0_80_0_0_49ef6aeca08a2c9458762bb3ed4755fc.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Муҳоҷирон пас аз чанд сол ба сохтмонҳои Русия бармегарданд. Дар ин бора мудири кулли РАКС Николай Алексеенко иброз дошт. Ба гуфти ӯ, барқарор кардани низоми муҳоҷират дар ояндаи наздик душвор хоҳад буд. Гузашта аз ин, ба муҳоҷират на танҳо пандемияи коронавирус, балки як қатор омилҳои дигар низ халал мерасонанд. Алексеенко дар мусоҳиба бо РИА Недвижимост қайд кард, ки сабаби асосии ба Русия омадани муҳоҷирон қобилияти фиристодани музди меҳнат ба ватан аст. Вай афзуд, ки омили равонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодааст: муҳоҷирон метарсанд, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ боз дар кишвари хориҷ баста мемонанд."Дар натиҷа, камбуди даромад ва мушкилоти бозгашт ба ватан вуҷуд дорад", - таъкид кард Алексеенко. Дар навбати худ, омбудсмени сохтмон Дмитрий Котровский гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ аз сабаби эҳтимолан боло рафтани нархи иҷора намехоҳанд ба Русия раванд. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки мушкили норасоии муҳоҷирон бидуни кӯмаки давлат ҳал намешавад. Сардори Департаменти азхудкунии қаламравҳои нави Маскав Владимир Жидкин низ аз нарасидани коргарон гуфт. Аммо, ба қавли ӯ, ин ба суръати сохтмон таъсир намерасонад.
https://sputnik.tj/20210414/mushkil-muhojiron-rusiya-1038465030.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102753/92/1027539279_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_3d69fb87ef9bb0b92b1a8202718749c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, муҳоҷирон, русия,
муҳоҷират, муҳоҷирон, русия,
Коршинос гуфт, чӣ монеи бозгашти муҳоҷирон ба Русия мешавад
17:15 16.04.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.08.2021) Бозгашти муҳоҷирон ба сохтмонҳои Русия на танҳо аз пандемияи коронавирус вобаста аст: мутахассисон якчанд омили дигарро ном бурданд, ки шаҳрвандони хориҷиро аз Федератсияи Русия дур мекунад
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Муҳоҷирон пас аз чанд сол ба сохтмонҳои Русия бармегарданд. Дар ин бора мудири кулли РАКС Николай Алексеенко иброз дошт.
Ба гуфти ӯ, барқарор кардани низоми муҳоҷират дар ояндаи наздик душвор хоҳад буд. Гузашта аз ин, ба муҳоҷират на танҳо пандемияи коронавирус, балки як қатор омилҳои дигар низ халал мерасонанд.
Алексеенко дар мусоҳиба бо
РИА Недвижимост қайд кард, ки сабаби асосии ба Русия омадани муҳоҷирон қобилияти фиристодани музди меҳнат ба ватан аст.
"Омили иқтисодӣ муҳим шуда истодааст - қурби рубл, динамикаи нархҳо ва ғайра нақш мебозанд. Ҳоло вазъ дар ин росто ба интизориҳои муҳоҷирон каме номувофиқ аст", - таъкид кард мутахассис.
Вай афзуд, ки омили равонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодааст: муҳоҷирон метарсанд, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ боз дар кишвари хориҷ баста мемонанд.
"Дар натиҷа, камбуди даромад ва мушкилоти бозгашт ба ватан вуҷуд дорад", - таъкид кард Алексеенко.
Дар навбати худ, омбудсмени сохтмон Дмитрий Котровский гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ аз сабаби эҳтимолан боло рафтани нархи иҷора намехоҳанд ба Русия раванд.
"Агар шароити будубош гарон шавад, чиптаҳо қимат шаванд, бозори кишвари мо аслан барои муҳоҷирон ҷолиб нахоҳад шуд", - гуфт коршинос.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки мушкили норасоии муҳоҷирон бидуни кӯмаки давлат ҳал намешавад.
Сардори Департаменти азхудкунии қаламравҳои нави Маскав Владимир Жидкин низ аз нарасидани коргарон гуфт. Аммо, ба қавли ӯ, ин ба суръати сохтмон таъсир намерасонад.