Аҳмадзода ба дидори пиллапарвари номии Суғд, Эргашой Умароваи 100-сола рафт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиАхмадзода поведал 100-летную ветеранку труда
Ахмадзода поведал 100-летную ветеранку труда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд аз ҳолу рӯзгори пиллапарвари номии вилоят Эргашой Умароваи 100-сола хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чун анъана аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки раиси вилояти Суғд нахуст Наимҷон Обидҷонов ва сипас Эргашой Умароваро аёдат карда, ба пирони рӯзгор тансиҳативу хотирҷамъӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.
Раджаббой Ахмадзода поздравил с днём рождения Народного артиста Таджикистана Джурабека Набиева   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Аҳмадзода бо як даста гул ба хонаи Ҷӯрабек Набиев рафт: Ҳунарпешаи мардумӣ 80-сола шуд
“Таҷрибаи бойи пирони рӯзгор ва собиқадорони меҳнат барои насли ҷавон чун мактаб хизмат намуда, ҷавонон дар такя ба фаъолияти бузургсолон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа талош мекунанд”, - гуфт Аҳмадзода.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки Эргашой Умарова 100 сола буда, пиллапарвари номи мебошад. Ӯ соҳиби 5 фарзанд аст ва нахустфарзандаш имрӯз ба синни 80 расидааст.
Лентаи хабарҳо
0