https://sputnik.tj/20210415/nigaroni-prezident-dastovardi-ihtirokoron-1038477274.html
Нигаронии президент аз татбиқ нашудани дастоварди ихтироъкорон: дар рӯи коғаз мемонад
Нигаронии президент аз татбиқ нашудани дастоварди ихтироъкорон: дар рӯи коғаз мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон аз он изҳори нагронӣ намуд, ки ҳарчанд дар кишвар сафи ихтироъкорону навоварон кам нест, аммо дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот татбиқ намешавад
2021-04-15T12:23+0500
2021-04-15T12:23+0500
2021-04-15T16:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суханронӣ
навоварӣ
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038477200_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_29f3e1864cb99bacd44cfe9bd2dbe8e0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро имрӯз зимни суханронияш дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор дошта, аз сатҳи пасти татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот изҳори нигаронӣ кард.Ба гуфтаи ӯ, мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.Президент, Маркази миллии патенту иттилоот вазифадор кард, ки бо ҷалби коршиносони касбӣ экспертизаи мустақили ихтирооту навовариро дар сатҳи баланд амалӣ гардонад ва дастовардҳои ихтироъкоронро барои дарёфт намудани фармоишгар ва татбиқ дар истеҳсолот мунтазам ташвиқу тарғиб намояд."Барои рушди ояндаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, ҳамчунин зарур аст, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо таҳким бахшида шавад", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон .Ба ин мақсад бояд дар муассисаҳои илмӣ корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ташкил карда шаванд, то ки ихтирооти муҳаққиқон ва навоварон дар марҳалаи аввал аз санҷиш, озмоиш ва таҷриба гузаронида, баъдан барои татбиқи васеъ ба истеҳсолот пешниҳод карда шаванд.Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ӯ гуфт, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.Раисиҷумҳур гуфтааст, ки дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, институтҳои соҳавӣ ва кафедраҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори мавзӯъҳои бунёдӣ иҷрои мавзӯъҳои хусусияти амалидошта низ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад.
https://sputnik.tj/20210414/honanda-barandaho-stipendiyai-raisi-dushanbe-1038467017.html
https://sputnik.tj/20201231/Barnomai-rushdi-maorif-dar-Khatlon-hamagi-nigaronihoi-raisijumhur-1032559217.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038477200_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_02e6d3b2ee171291cf15b13bc2ecd7e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, маориф, ихтироот, дастовард, патент,
президент, маориф, ихтироот, дастовард, патент,
Нигаронии президент аз татбиқ нашудани дастоварди ихтироъкорон: дар рӯи коғаз мемонад
12:23 15.04.2021 (Навсозишуда: 16:39 15.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро имрӯз зимни суханронияш дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор дошта, аз сатҳи пасти татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот изҳори нигаронӣ кард.
Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.
Президент, Маркази миллии патенту иттилоот вазифадор кард, ки бо ҷалби коршиносони касбӣ экспертизаи мустақили ихтирооту навовариро дар сатҳи баланд амалӣ гардонад ва дастовардҳои ихтироъкоронро барои дарёфт намудани фармоишгар ва татбиқ дар истеҳсолот мунтазам ташвиқу тарғиб намояд.
"Барои рушди ояндаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, ҳамчунин зарур аст, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо таҳким бахшида шавад", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон .
Ба ин мақсад бояд дар муассисаҳои илмӣ корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ташкил карда шаванд, то ки ихтирооти муҳаққиқон ва навоварон дар марҳалаи аввал аз санҷиш, озмоиш ва таҷриба гузаронида, баъдан барои татбиқи васеъ ба истеҳсолот пешниҳод карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ӯ гуфт, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.
Раисиҷумҳур гуфтааст, ки дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, институтҳои соҳавӣ ва кафедраҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори мавзӯъҳои бунёдӣ иҷрои мавзӯъҳои хусусияти амалидошта низ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад.