https://sputnik.tj/20210415/dastai-sughd-gholibi-dasthoboni-1038472952.html
Бозуи пурқувват: дастаи Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид
Бозуи пурқувват: дастаи Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Ин дастаро 32 варзишкор аз ҷумла 12 зан намояндагӣ карданд.
2021-04-15T11:00+0500
2021-04-15T11:00+0500
2021-04-19T12:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дастхобонӣ
пирӯзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102347/22/1023472243_0:54:1025:630_1920x0_80_0_0_e8acec8547454dc3ecff48f44c0d0cc0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Дастаи вилояти Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид. Ин вилоятро дар сабқат 32 варзишкор аз ҷумла 12 нафар бонувон намояндагӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Федератсияи дастхобонии Тоҷикистон.Гуфта мешавд, ки қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ дар толори "Зӯрхона"-и шаҳри Душанбе байни варзишгарони дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд.Би иттилои манбаъ, сабқати ҷумҳуриявии дастхобонӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.Ба таъкиди масъулини мусобиқа, ҳадаф аз баргузории чемпионат- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди варзиш ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.Ёдрас мешавем, ки пештар дастаи вилояти Суғд, дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо зери унвони “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе, дониста шуд.
https://sputnik.tj/20210414/sughd-behtarin-viloyat-tojikiston-1038376255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102347/22/1023472243_56:0:967:683_1920x0_80_0_0_3a34b6acb841a43f958887f6b35c684a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, пирӯзӣ, сабқат, дастхобонӣ,
суғд, пирӯзӣ, сабқат, дастхобонӣ,
Бозуи пурқувват: дастаи Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид
11:00 15.04.2021 (Навсозишуда: 12:38 19.04.2021) Дастаи вилояти Суғд бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ пирӯз шуданд
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Дастаи вилояти Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид.
Ин вилоятро дар сабқат 32 варзишкор аз ҷумла 12 нафар бонувон намояндагӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Федератсияи дастхобонии Тоҷикистон.
"Дастаи вилояти Суғд бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавд, ки қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ дар толори "Зӯрхона"-и шаҳри Душанбе байни варзишгарони дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Би иттилои манбаъ, сабқати ҷумҳуриявии дастхобонӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Ба таъкиди масъулини мусобиқа, ҳадаф аз баргузории чемпионат- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди варзиш ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки пештар дастаи вилояти Суғд, дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо зери унвони “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе, дониста шуд.