https://sputnik.tj/20210415/darguzashti-sohibkor-turkiya-1038491800.html
Некӣ мекарду ба дарё меандохт: даргузашти соҳибкори тоҷик дар Туркия - акс
Некӣ мекарду ба дарё меандохт: даргузашти соҳибкори тоҷик дар Туркия - акс
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор ҳамагӣ 45 сол умр дошт ва ба гуфтаи ёронаш ӯ аз беморие азият мекашид
2021-04-15T16:56+0500
2021-04-15T16:56+0500
2021-04-15T17:09+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Соҳибкори тоҷик Дилшод Басир дар пайи беморӣ дар шаҳри Истамбули Туркия даргузашт.Дар ин бора расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.Соҳибкор ҳамагӣ 45 сол дошт ва ба гуфтаи огоҳони қазия, аз беморӣ азият мекашид.Дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ӯ бо саховатмандияш ва дастгириҳояш аз тоҷикистониён номвар гашта буд. "Некӣ мекарду ба дарё меандохт".Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва писари шоири шаҳрӣ Басир Расо буд."Унвони зиёд надошт, мухлиси зиёд дошт”: даргузашти Қиёмиддин ЧақаловБа гуфтаи наздиконаш, хонаводаи Дилшод чанд сол пеш ба Истамбул кӯчида ва зиндагӣ дар Туркияро ихтиёр карда буданд.Феълан пайвандонаш мехоҳанд тобути соҳибкори ҷавонмарги тоҷикро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибкори тоҷик, туркия, даргузашт
соҳибкори тоҷик, туркия, даргузашт
Некӣ мекарду ба дарё меандохт: даргузашти соҳибкори тоҷик дар Туркия - акс
16:56 15.04.2021 (Навсозишуда: 17:09 15.04.2021) Соҳибкори тоҷик, ки бо саховатмандиаш номвар гашта буд, ҳамагӣ 45 сол дошт
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Соҳибкори тоҷик Дилшод Басир дар пайи беморӣ дар шаҳри Истамбули Туркия даргузашт.
Дар ин бора расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.
Соҳибкор ҳамагӣ 45 сол дошт ва ба гуфтаи огоҳони қазия, аз беморӣ азият мекашид.
Дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ӯ бо саховатмандияш ва дастгириҳояш аз тоҷикистониён номвар гашта буд. "Некӣ мекарду ба дарё меандохт".
Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва писари шоири шаҳрӣ Басир Расо буд.
Ба гуфтаи наздиконаш, хонаводаи Дилшод чанд сол пеш ба Истамбул кӯчида ва зиндагӣ дар Туркияро ихтиёр карда буданд.
Феълан пайвандонаш мехоҳанд тобути соҳибкори ҷавонмарги тоҷикро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.