https://sputnik.tj/20210414/vladimir-putin-vaksin-duum-girift-1038453177.html
Владимир Путин ваксини дуюмро ҳам гирифт
Владимир Путин ваксини дуюмро ҳам гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ин навбат ҳам, аксу наворҳои кишвардори Русия аз лаҳзаи дуюми ваксингирии ӯ ифшо нашуд. Дар зимн, номи ваксин ҳам эълон нашудааст, танҳо ҳамин маълум аст, ки бо яке аз ваксинҳо ватанӣ эм гирифтааст
2021-04-14T15:54+0500
2021-04-14T15:54+0500
2021-04-14T16:21+0500
владимир путин
эмгузаронӣ
дар русия
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033025396_0:0:2929:1648_1920x0_80_0_0_6c65253dd2d467f20808a16014544e94.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Владимир Путин раисиҷумҳури Русия хабар дод, ки имрӯз ваксини дуюмашро ҳам гирифт. Гуфта мешавад, Путин ин навбат ҳам бо яке аз ваксинҳои истеҳсоли ватанӣ эм карда шуд. Ваксингирии дуюми кишвардори Русия бидуни аксу наворгирӣ анҷом ёфт.Ёдовар мешавем, роҳбари Русия бори нахуст 23 март алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Қабл аз эмгирии кишвардор, сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков эълом намуд, ки лаҳзаи ваксингирии раисиҷумҳур оммавӣ намешавад, "чун инро худи Владимир Путин нахост".Сипас худи президент дар як мусоҳиба вазъи худро дар аввалин рӯзҳои пас аз эмгирӣ шарҳ дода афзуд, ки чанд рӯз ҷойи сузангирифтагӣ дардманд шуд ва аз ин рӯ, муддати се рӯз ба ягон варзиш машғул нашуд.Дар идома Владимир Путин гуфт, ки номи ваксине, ки бо он эм карда шуд, танҳо пизишки ӯ медонаду халос.Бояд гуфт, ки Путин зимни нишасти матбуотии солонаи калон, ки 17 декабри соли 2020 баргузор шуд, нияти худро барои эмгузаронӣ аз коронавирус эълом кард.
https://sputnik.tj/20210324/Vladimir-Putin-em-karda-shud-1033059311.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033025396_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_6957c6fece4f776f355f8db0c94cdf30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, ваксин, эм
владимир путин, ваксин, эм
Владимир Путин ваксини дуюмро ҳам гирифт
15:54 14.04.2021 (Навсозишуда: 16:21 14.04.2021) Кишвардори Русия Владимир Путин барои маротибаи дуюм алайҳи коронавирус эм гирифт
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Владимир Путин раисиҷумҳури Русия хабар дод, ки имрӯз ваксини дуюмашро ҳам гирифт. Гуфта мешавад, Путин ин навбат ҳам бо яке аз ваксинҳои истеҳсоли ватанӣ эм карда шуд.
Ваксингирии дуюми кишвардори Русия бидуни аксу наворгирӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, роҳбари Русия бори нахуст 23 март алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Қабл аз эмгирии кишвардор, сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков эълом намуд, ки лаҳзаи ваксингирии раисиҷумҳур оммавӣ намешавад, "чун инро худи Владимир Путин нахост".
Сипас худи президент дар як мусоҳиба вазъи худро дар аввалин рӯзҳои пас аз эмгирӣ шарҳ дода афзуд, ки чанд рӯз ҷойи сузангирифтагӣ дардманд шуд ва аз ин рӯ, муддати се рӯз ба ягон варзиш машғул нашуд.
Дар идома Владимир Путин гуфт, ки номи ваксине, ки бо он эм карда шуд, танҳо пизишки ӯ медонаду халос.
Бояд гуфт, ки Путин зимни нишасти матбуотии солонаи калон, ки 17 декабри соли 2020 баргузор шуд, нияти худро барои эмгузаронӣ аз коронавирус эълом кард.