https://sputnik.tj/20210414/tabib-ruza-ehtiyot-umuman-nagirand-1038468498.html
Табиб гуфт, киҳо бояд ҳангоми рӯза эҳтиёт кунанд ё умуман нагиранд
Табиб гуфт, киҳо бояд ҳангоми рӯза эҳтиёт кунанд ё умуман нагиранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Пӯлодов, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, гуфт, доштани рӯза барои киҳо фоидаовар ва барои кӣ зараровар аст.
2021-04-14T20:30+0500
2021-04-14T20:30+0500
2021-04-19T16:46+0500
тандурустӣ
рӯза
рамазон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_0:151:2889:1776_1920x0_80_0_0_5bdbeb3c0ad65ce3860e1b84b6341480.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ҷамолиддин Пӯлодов, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, гуфт, доштани рӯза барои киҳо фоидаовар ва барои кӣ зараровар аст. "Барои беморони гирифтори захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин, диабети қанд, сиррози ҷигар рӯзадорӣ тавсия дода намешавад. Фасли баҳор мавсими хурӯҷи беморӣ буда, гирифторони ин беморӣ бояд ҳамарӯза мувофиқи реҷаи навиштаи духтурон дору истеъмол кунанд", - изҳор дошт Пӯлодов. Табиб афзуд, ки ҳангоми рӯзадории беморони захми меъдаву рӯда дар меъдаи онҳо туршӣ баланд шуда, ҳангоми аз ғизо холӣ шудани меъда девораҳои онро захмӣ мекунад. Инчунин занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдакони ширмак бояд аз доштани рӯза худдорӣ намоянд.Дар баробари ин Пӯлодов таъкид намуд, ки барои бархе бемориҳо рӯзадорӣ фоида дорад. Ӯ инчунин истеъмоли ғизои сервитамину солим ва нӯшокиҳо – то 1,5 - 2 литрро муҳим хонд. Гастроэнтолог афзуд, организм набояд бе об монад ва дар зимн зарур хонд, ки ҳангоми нӯшидани шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он диққат дод, то зиёд хунук набошад. Хунукии аз ҳад зиёд низ ба меъда зарар мерасонад, ҳушдор дод табиб.
https://sputnik.tj/20210413/saharhuri-ruzahuri-muhojirat-oqibat-posuhi-suolho-tojikistoniyon-1038326062.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_161:0:2729:1926_1920x0_80_0_0_1a3a816b2355ebdbe5abf5f135847b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илм, табиб, рӯза, зарар, ғизо, истеъмол, фоида, зиён
илм, табиб, рӯза, зарар, ғизо, истеъмол, фоида, зиён
Табиб гуфт, киҳо бояд ҳангоми рӯза эҳтиёт кунанд ё умуман нагиранд
20:30 14.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Табиби гастроэнтерологи тоҷик гуфт, барои киҳо рӯза фоида дораду киҳо бояд онро нагиранд ё эҳтиёт кунанд
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ҷамолиддин Пӯлодов, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, гуфт, доштани рӯза барои киҳо фоидаовар ва барои кӣ зараровар аст.
"Барои беморони гирифтори захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин, диабети қанд, сиррози ҷигар рӯзадорӣ тавсия дода намешавад. Фасли баҳор мавсими хурӯҷи беморӣ буда, гирифторони ин беморӣ бояд ҳамарӯза мувофиқи реҷаи навиштаи духтурон дору истеъмол кунанд", - изҳор дошт Пӯлодов.
Табиб афзуд, ки ҳангоми рӯзадории беморони захми меъдаву рӯда дар меъдаи онҳо туршӣ баланд шуда, ҳангоми аз ғизо холӣ шудани меъда девораҳои онро захмӣ мекунад.
Инчунин занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдакони ширмак бояд аз доштани рӯза худдорӣ намоянд.
Дар баробари ин Пӯлодов таъкид намуд, ки барои бархе бемориҳо рӯзадорӣ фоида дорад.
"Барои шахсоне, ки миқдори холестерини хунашон баланд аст, гирифтани рӯза хуб аст, чунки онҳо маводи ғизоӣ камтар истифода мекунанд ва ин сабаби паст шудани миқдори равғанҳо дар хун мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Пӯлодов.
Ӯ инчунин истеъмоли ғизои сервитамину солим ва нӯшокиҳо – то 1,5 - 2 литрро муҳим хонд. Гастроэнтолог афзуд, организм набояд бе об монад ва дар зимн зарур хонд, ки ҳангоми нӯшидани шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он диққат дод, то зиёд хунук набошад. Хунукии аз ҳад зиёд низ ба меъда зарар мерасонад, ҳушдор дод табиб.