https://sputnik.tj/20210414/dushanbe-nimmarafon-barguzor-1038427109.html
Рустами Эмомалӣ барои баргузории чорабинии байналмиллалӣ 500 ҳазор ихтисос дод
Рустами Эмомалӣ барои баргузории чорабинии байналмиллалӣ 500 ҳазор ихтисос дод
Sputnik Тоҷикистон
Ниммарафони мазкур рӯзи 17 апрел соати 09:00 дақиқа оғоз меёбад
2021-04-14T13:50+0500
2021-04-14T13:50+0500
2021-04-14T14:24+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рустами эмомалӣ
ниммарафон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102691/33/1026913348_98:145:1157:741_1920x0_80_0_0_03d408d3a0d207542e259372f8742dd8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт қарор ба имзо расонд, хабар медиҳад котиботи мири шаҳри Душанбе.Ба иттилои манбаъ, Ниммарафони байналмилалӣ рӯзи 17 апрел соли 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянкунанда доир намояд.Зикр мегардад, ки аз ҳисоби маблағи Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони байналмилалӣ 493 049 сомонӣ ҷудо гардид.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд.Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгарон аз Русия, Белорус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Фаронса, Кения ва дигар кишварҳои олам ба Душанбе меоянд.
https://sputnik.tj/20150420/1015215092.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102691/33/1026913348_58:0:1217:869_1920x0_80_0_0_9b4a2aa1a58400bc3fccd2c7a1c5ee47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, ниммарафон, рустами эмомалӣ
душанбе, ниммарафон, рустами эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ барои баргузории чорабинии байналмиллалӣ 500 ҳазор ихтисос дод
13:50 14.04.2021 (Навсозишуда: 14:24 14.04.2021) Барои пардохти хароҷоти чорабинӣ 493 ҳазору 049 сомонӣ ихтисос дода шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт қарор ба имзо расонд, хабар медиҳад котиботи мири шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, Ниммарафони байналмилалӣ рӯзи 17 апрел соли 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянкунанда доир намояд.
Зикр мегардад, ки аз ҳисоби маблағи Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони байналмилалӣ 493 049 сомонӣ ҷудо гардид.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгарон аз Русия, Белорус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Фаронса, Кения ва дигар кишварҳои олам ба Душанбе меоянд.