https://sputnik.tj/20210413/vizhagiho-asosi-havopaymo-nav-putin-1038331621.html
Вижагиҳои асосии ҳавопаймои нави Путин ошкор шуд
Вижагиҳои асосии ҳавопаймои нави Путин ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои нави президенти Русия Владимир Путин аз чор муҳаррик иборак хоҳад буд.
2021-04-13T15:50+0500
2021-04-13T15:50+0500
2021-04-13T17:36+0500
владимир путин
ҳавопаймо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/87/1029818750_0:0:2903:1634_1920x0_80_0_0_e8b7b90ff7e3013ae3ec2ddf64f0f3e8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ҳавопаймои нави президенти Русия Владимир Путин аз пешгузаштаи худ ба куллӣ фарқ хоҳад кард. Дар ин бора халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, генерал-майор Владимир Попов дарсуҳбат бо шабакаи телевизионии "Звезда" сухан гуфт. Озмоишҳои парвози ҳавопаймои нави Il-96-300PU дар корхонаи ҳавопаймоии Воронеж бомуваффақият ба анҷом расиданд. Маҳз ҳамин ҳавопаймо дар оянда киштии ҳавоии рақами1 хоҳад шуд. Ба гуфти Попов, тасмим дар бораи таъини ҳавопаймои президент аз ҷониби як комиссияи махсус қабул мешавад. Чун қоида, ин на як балки якчанд мошин аст. Ҳатто вақте ки президент ба ҷаласаҳо ба хориҷа меравад, ҳавопаймои ӯ айнан ҳамон нусхаро такрор мекунад. Ин тадбир барои ҳолатҳои ғайричашмдошт истифода мешавад. Попов гуфт, ки боре кабӯтаре ба дохили муҳаррики ҳавопаймо, ки президент дар он нишаста буд, ворид шуд. Ба сарвари давлат фавран ҳавопаймои нусха дода шуд. Ҳавопаймои нави рақами 1 зоҳиран аз пешгузаштаи худ кам фарқ мекунад. Аммо дохили он пурасрор аст.Вай таъкид кард, ки Il-96-300PU бо назорати радарӣ, радиотехникӣ, оптикӣ-электронӣ ва визуалӣ муҷаҳҳаз аст. Системаҳои ҳавопаймо низ такрор мешаванд.Маълум аст, ки ҳавопаймои президент танҳо бо як муҳаррик қодир аст, тақрибан 800 километр парвоз карда, оромона ба фурудгоҳ фарояд. Қайд мекунем, ик ҳавопаймои рақами 1 на як ҳавопаймо, балки як отряди комил аст, ки на танҳо ба Президент, балки ба Ҳукумати Русия низ хизмат мекунад.
https://sputnik.tj/20210322/aftid-Bayden-zinapoya-video-1033045612.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/87/1029818750_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8adaad5b86d2e532012ec4bda61e4cea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳавопаймо, вижагиҳо, владимир путин,
ҳавопаймо, вижагиҳо, владимир путин,
Вижагиҳои асосии ҳавопаймои нави Путин ошкор шуд
15:50 13.04.2021 (Навсозишуда: 17:36 13.04.2021) Халабони ҳавопаймои навтарин Ил-96-300ПУ: дар оянда ин ҳавопаймои президенти Русия хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ҳавопаймои нави президенти Русия Владимир Путин аз пешгузаштаи худ ба куллӣ фарқ хоҳад кард. Дар ин бора халабони шоистаи ҳарбии Федератсияи Русия, генерал-майор Владимир Попов дарсуҳбат бо шабакаи телевизионии
"Звезда" сухан гуфт.
Озмоишҳои парвози ҳавопаймои нави Il-96-300PU дар корхонаи ҳавопаймоии Воронеж бомуваффақият ба анҷом расиданд. Маҳз ҳамин ҳавопаймо дар оянда киштии ҳавоии рақами1 хоҳад шуд.
Ба гуфти Попов, тасмим дар бораи таъини ҳавопаймои президент аз ҷониби як комиссияи махсус қабул мешавад. Чун қоида, ин на як балки якчанд мошин аст. Ҳатто вақте ки президент ба ҷаласаҳо ба хориҷа меравад, ҳавопаймои ӯ айнан ҳамон нусхаро такрор мекунад.
Ин тадбир барои ҳолатҳои ғайричашмдошт истифода мешавад. Попов гуфт, ки боре кабӯтаре ба дохили муҳаррики ҳавопаймо, ки президент дар он нишаста буд, ворид шуд. Ба сарвари давлат фавран ҳавопаймои нусха дода шуд.
Ҳавопаймои нави рақами 1 зоҳиран аз пешгузаштаи худ кам фарқ мекунад. Аммо дохили он пурасрор аст.
"Системаи тақсимшудаи қувваҳо ва воситаҳои мушоҳидаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ ҳоло нисбат ба ҳавопаймои пештара хеле мукаммалтар аст", - гуфт Попов.
Вай таъкид кард, ки Il-96-300PU бо назорати радарӣ, радиотехникӣ, оптикӣ-электронӣ ва визуалӣ муҷаҳҳаз аст. Системаҳои ҳавопаймо низ такрор мешаванд.
"Ин ҳавопаймо дорои чор муҳаррик аст. Ҳатто агар дутоаш аз кор монад ҳам, ӯ метавонад боло равад, фарояд ва манёвр кунад ва парвоз намояд", - гуфт халабон.
Маълум аст, ки ҳавопаймои президент танҳо бо як муҳаррик қодир аст, тақрибан 800 километр парвоз карда, оромона ба фурудгоҳ фарояд.
Қайд мекунем, ик ҳавопаймои рақами 1 на як ҳавопаймо, балки як отряди комил аст, ки на танҳо ба Президент, балки ба Ҳукумати Русия низ хизмат мекунад.