https://sputnik.tj/20210413/sherali-kabir-sohtmon-korhona-korgoh-1038356782.html
Шералӣ Кабир аз сохтмони 103 корхона ва 139 коргоҳ хабар дод
Шералӣ Кабир аз сохтмони 103 корхона ва 139 коргоҳ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи сохтани хонаҳои нав ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ вазири саноати кишвар хабар дод
2021-04-13T20:11+0500
2021-04-13T20:11+0500
2021-04-13T20:11+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032458830_0:140:2048:1292_1920x0_80_0_0_64d034b1e855a80373e97352b376e2a5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз сохти 103 корхона ва 139 коргоҳ дар ин кишвар то поёни имсол хабар дод.Вазир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт."Ҳаминак дар Тоҷикистон беш аз 50 навъи маъдани филиз истихроҷ мешавад ва аз ин назар ин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад", - менависад аз қавли вазир ва дар истинод ба расонаҳо "Парс тудей".Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Дар Тоҷикистон аз 600 кони шиносоишуда танҳо дар 100 кон истихроҷ оғоз шудааст, аммо ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлид хоҳад афзуд.Шералӣ Кабир идома дод: Баҳрабардорӣ аз ду кони тиллои ҷадид дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мавсум ба Чорӣ ва Дуоба ва ҳамчунин истихроҷи нуқра дар чаҳор кони шимоли Тоҷикистон ва вилояти кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли баррасӣ аст, ки бо иҷро шудани ин тарҳҳо ин кишвар метавонад ба яке аз қутбҳои тавлиди нуқра дар ҷаҳон табдил шавад.Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар соли 2020 дар ин кишвар бо сохти беш аз 300 коргоҳ барои 6 ҳазору 500 нафар иштиғолзоӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210308/Sheral-Kabir-istikhroi-angisht-dar-yak-sol-ba-besh-az-du-million-tonna-rasid-1032966138.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032458830_0:0:1816:1361_1920x0_80_0_0_c353f64856652b7718671e405a55e221.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шералӣ кабир вазир корхона ҷои кор
шералӣ кабир вазир корхона ҷои кор
Шералӣ Кабир аз сохтмони 103 корхона ва 139 коргоҳ хабар дод
Шералӣ Кабир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз сохти 103 корхона ва 139 коргоҳ дар ин кишвар то поёни имсол хабар дод.
Вазир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт.
"Ҳаминак дар Тоҷикистон беш аз 50 навъи маъдани филиз истихроҷ мешавад ва аз ин назар ин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад", - менависад аз қавли вазир ва дар истинод ба расонаҳо "Парс тудей".
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Дар Тоҷикистон аз 600 кони шиносоишуда танҳо дар 100 кон истихроҷ оғоз шудааст, аммо ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлид хоҳад афзуд.
Шералӣ Кабир идома дод: Баҳрабардорӣ аз ду кони тиллои ҷадид дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мавсум ба Чорӣ ва Дуоба ва ҳамчунин истихроҷи нуқра дар чаҳор кони шимоли Тоҷикистон ва вилояти кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли баррасӣ аст, ки бо иҷро шудани ин тарҳҳо ин кишвар метавонад ба яке аз қутбҳои тавлиди нуқра дар ҷаҳон табдил шавад.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар соли 2020 дар ин кишвар бо сохти беш аз 300 коргоҳ барои 6 ҳазору 500 нафар иштиғолзоӣ шудааст.