https://sputnik.tj/20210413/rusiya-ravobit-havo-turkiya-mahdud-1038286494.html
Русия равобити ҳавоӣ бо Туркияро маҳдуд кард: аз кай то кай
Русия равобити ҳавоӣ бо Туркияро маҳдуд кард: аз кай то кай
Sputnik Тоҷикистон
Аз 15 апрел то 1 июн равобити ҳавоӣ миёни Туркия ва Русия маҳдуд мешавад
2021-04-13T11:00+0500
2021-04-13T11:00+0500
2021-04-13T12:33+0500
туркия
нақлиёт
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101972/81/1019728155_0:74:3400:1987_1920x0_80_0_0_c6a92cf2c30bbe0af9045258d7fcd829.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Туркияро аз 15 апрел то 1 июн маҳдуд мекунад, менависад РИА Новости. Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Татяна Голикова, ситоди фаврӣ қарор кард, ки парвозҳои доимӣ ва чартериро маҳдуд кунад. Ба изҳори Голикова, дар ин муддат миёни Туркия ва Русия танҳо ду парвоз дар як ҳафта боқӣ мемонаду халос.Зимнан, сухангӯи Кремл низ дар таъйиди ин хабар изҳор намудаст, ки ҷорӣ намудани маҳдудияти парвозҳо миёни Туркия ва Русия ба вазъи бади эпидемиологии он кишвар вобастагӣ дорад.Дмитрий Песков сару садоҳо дар мавриди он ки ин маҳдудиятҳо ба сафари кишвардори Ураина Владимир Зеленский ба Туркия рабт дорад, рад намуд ва изҳор дошт, ки "ин ба вазъи ташвишовари эпидемиологӣ дар Туркия вобаста аст".Маврид ба зикр аст, ки дар Туркия давоми чанд ҳафта мешавад, ки шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳодааст.Агар дар миёнаи моҳи март мақомоти кишвар аз шаш то ҳашт ҳазор ҳолатро ба қайд гирифта бошанд, пас аз аввали апрел ин рақам ба 56 ҳазор расид. Дар ҳамин ҳол, роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова таъйид намудааст, ки маҳз навъҳои нави коронавирус ба Русия аз Туркия ворид мешаванд.
https://sputnik.tj/20210410/ehtimoli-qat-shudani-parvozhoi-miyoni-rusiya-va-turkiya-1035212029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101972/81/1019728155_100:0:2960:2145_1920x0_80_0_0_820d12413a74d02765673aa402d7d1c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, туркия, парвоз, маҳдуд
русия, туркия, парвоз, маҳдуд
Русия равобити ҳавоӣ бо Туркияро маҳдуд кард: аз кай то кай
11:00 13.04.2021 (Навсозишуда: 12:33 13.04.2021) Кремл мегӯяд, тасмими маҳдуд кардани парвозҳо ба вазъи ташвишовари эпидемиологӣ дар Туркия бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Туркияро аз 15 апрел то 1 июн маҳдуд мекунад, менависад РИА Новости.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Татяна Голикова, ситоди фаврӣ қарор кард, ки парвозҳои доимӣ ва чартериро маҳдуд кунад.
Ба изҳори Голикова, дар ин муддат миёни Туркия ва Русия танҳо ду парвоз дар як ҳафта боқӣ мемонаду халос.
Зимнан, сухангӯи Кремл низ дар таъйиди ин хабар изҳор намудаст, ки ҷорӣ намудани маҳдудияти парвозҳо миёни Туркия ва Русия ба вазъи бади эпидемиологии он кишвар вобастагӣ дорад.
Дмитрий Песков сару садоҳо дар мавриди он ки ин маҳдудиятҳо ба сафари кишвардори Ураина Владимир Зеленский ба Туркия рабт дорад, рад намуд ва изҳор дошт, ки "ин ба вазъи ташвишовари эпидемиологӣ дар Туркия вобаста аст".
Маврид ба зикр аст, ки дар Туркия давоми чанд ҳафта мешавад, ки шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Агар дар миёнаи моҳи март мақомоти кишвар аз шаш то ҳашт ҳазор ҳолатро ба қайд гирифта бошанд, пас аз аввали апрел ин рақам ба 56 ҳазор расид.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова таъйид намудааст, ки маҳз навъҳои нави коронавирус ба Русия аз Туркия ворид мешаванд.