Вазъи ташвишовари коронавирус дар Эрон: фавти 291 мариз дар як шабонарӯз

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПодозрение на коронавирус
Подозрение на коронавирус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
Давоми як шабонарӯз дар Эрон дасти кам 24 ҳазору 760 нафар мубталои коронавирус гардиданд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Вазорат беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз бад шудани вазъи коронавирус хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи гузашта дасти кам 291 нафар гирифторони коронавирус дар Эрон ҷон аз даст доданд. Ҳамзамон дар ин муддат ташхиси 24 ҳазору 760 нафар мусбат баромад, ки аз ин миён 3 132 бемор фавран бистарии беморхона гардиданд.
Дар Эрон мавҷи чоруми карона сар шуд
Манбаъ меафзояд, теъдоди умумии қурбониёни коронаиврус дар ин кишварба 65 ҳазору 55 нафар баробар шуд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба 2 миллиону 118 ҳазору 212 нафар расидааст.
Ҳамчунин то кунун як миллиону 729 ҳазору 293 нафар аз беморони коронавирус дар ин кишвар беҳбуд ёфтаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Эронро мавҷи чоруми маризии коронавирус фаро гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0