https://sputnik.tj/20210413/khujand-murojiat-sokinon-hukumat-khona-1038319199.html
"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд
"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд, барои тақсими хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо ба ҳукумат муроҷаит карданд.
2021-04-13T12:06+0500
2021-04-13T12:06+0500
2021-04-22T16:44+0500
дар тоҷикистон
шикоят
сокинон
хона
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038318724_83:0:878:447_1920x0_80_0_0_9dbe0227ed851a816fd1ffdd884c6356.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд, барои тақсими хонаҳои истиқоматӣ барояшон ба дари ҳукумат рафтаанд. Ин сокинон, соли 2015 барои бунёди "Шаҳраки хитоӣ" хонаҳояшонро тахриб ва замини онро дар ихтиёри ширкати сохтмонии чинии "Ҳусноро 1" вогузор намуда буданд.Аммо бо гузашти шаш сол, дар маҳаллаи онҳо сохтмони биноҳои истиқоматӣ бунёд нагардид ва то имрӯз ҳудуди ин 32 хонавода дар манзилҳои иҷора ба сар мебаранд. Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран моҳи феврали соли ҷорӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба ин гурӯҳи сокинон хонаҳо тақдим карда мешавад."Сохтмони хонаҳо идома дорад. То иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо омода мешавад ва ба ҳар яки онҳо хонаҳояшонро месупорем", - зикр намуда буд Шарифзода. Аммо сокинони собиқ хиёбони Р. Набиев мегуянд, тақдими хонаҳо сурат нагирифт ва то имрӯз ҳеҷ яке аз масъулин сабаби ба таъхир мондани корро ба онҳо шарҳ надодаанд. Ин мусоҳиби мо гуфт, ки имрӯз ҳамроҳи дигарон ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд омада ва дар бораи ба ихтиёри онҳо вогузор намудани хонаҳояшон муроҷиат намудаанд. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муроҷиати гурӯҳии сокинон ба ҳукуматро тасдиқ кард ва гуфт, ки арзи онҳо дар бораи супоридани хонаҳоҳои истиқоматӣ аз ҷониби масъулин шунида шуд. Аммо ба ин савол, ки чаро то имрӯз ин хонаҳо тақдим карда нашудааст, Юсуфзод иброз намуд, ки барои ба вуҷуд наомадани нафаҳмиҳои дигар масъулини ҳукумат, хонаҳо аз рӯи қуръакашӣ миёни сокинон омодагӣ мебинандМавзӯъи “ях” бастани шаҳраки чинӣ дар хиёбони ба номи Р. Набиеви шаҳри Хуҷанд суолест, ки дар нишасти матбуотӣ борҳо аз ҷониби рӯзноманигорон ба унвони раисони Хуҷанд манзур карда мешуд.Ширкати чинии "Ҳусноро 1" бо тарҳи номуваффақи "China town" мехост ба ҷойи манзилҳои сокинон хонаҳои баландошёна бардорад, аммо ахиран бинобар сабаби зиёд будани об дар ин маҳал аз ин лоиҳа даст.Бар асоси ин тарҳ бояд дар ҷойи хонаҳои вайронкардашуда 15 бинои бисёртабақа, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ месохтанд. Муҳлати анҷоми он 5 сол буд ва он тибқи шартнома мебоист соли 2020 анҷом шавад.Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар нишасти ахираш изҳор дошт, ки чиниҳо аз уҳдаи иҷрои тарҳ набаромаданд ва лоиҳаро ба ягон ширкати таҷрибадори дигар пешниҳод хоҳанд кард.Дасткашии соҳибкорони чинӣ аз тарҳ дар ҳолест, ки дар фосилаи 200 метр дуртар аз он "Khujand city" - ро ширкати сохтмонии "Элитсохтмон" бунёд мекунад.
https://sputnik.tj/20210218/China-town-Khujand-Ahmadzoda-khitoiho-1032850513.html
https://sputnik.tj/20210408/mahdud-imkoniyat-moliya-sohtmoni-maktabro-tajikistan-1035095280.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038318724_182:0:778:447_1920x0_80_0_0_49319cd0f04e5c16e3fac140242ad5c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, хона, ҳукумат, муроҷиат
хуҷанд, хона, ҳукумат, муроҷиат
"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд
12:06 13.04.2021 (Навсозишуда: 16:44 22.04.2021) Ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, хонаҳо омода буда, барои ба вуҷуд наомадани нафаҳмиҳои дигар, масъулини ҳукумат ба тақдими хонаҳо аз рӯи қуръакашӣ миёни сокинон омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд, барои тақсими хонаҳои истиқоматӣ барояшон ба дари ҳукумат рафтаанд.
Ин сокинон, соли 2015 барои бунёди "Шаҳраки хитоӣ" хонаҳояшонро тахриб ва замини онро дар ихтиёри ширкати сохтмонии чинии "Ҳусноро 1" вогузор намуда буданд.
Аммо бо гузашти шаш сол, дар маҳаллаи онҳо сохтмони биноҳои истиқоматӣ бунёд нагардид ва то имрӯз ҳудуди ин 32 хонавода дар манзилҳои иҷора ба сар мебаранд.
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран моҳи феврали соли ҷорӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба ин гурӯҳи сокинон хонаҳо тақдим карда мешавад.
"Сохтмони хонаҳо идома дорад. То иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо омода мешавад ва ба ҳар яки онҳо хонаҳояшонро месупорем", - зикр намуда буд Шарифзода.
Аммо сокинони собиқ хиёбони Р. Набиев мегуянд, тақдими хонаҳо сурат нагирифт ва то имрӯз ҳеҷ яке аз масъулин сабаби ба таъхир мондани корро ба онҳо шарҳ надодаанд.
“Мо хонаҳоро дидем, ҳамааш тайёр аст, вале намедонем, ки барои чи то ҳол калиди онҳоро намесупоранд. Дар шароити иҷоравӣ зиндагӣ намудан, барои мо хеле душвор аст”, - гуфт Рафоат Ҳошимова яке аз сокинон.
Ин мусоҳиби мо гуфт, ки имрӯз ҳамроҳи дигарон ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд омада ва дар бораи ба ихтиёри онҳо вогузор намудани хонаҳояшон муроҷиат намудаанд.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон муроҷиати гурӯҳии сокинон ба ҳукуматро тасдиқ кард ва гуфт, ки арзи онҳо дар бораи супоридани хонаҳоҳои истиқоматӣ аз ҷониби масъулин шунида шуд.
“Ба ин теъдод сокинон фаҳмонида шуд, ки хонаҳо бо шароити хуби иқомат, аз ҷумла насби лифт ва бозиҷой барои кӯдакон омода шудааст ва рӯзҳои наздик ба онҳо супорида мешавад”,- гуфт Юсуфзод.
Аммо ба ин савол, ки чаро то имрӯз ин хонаҳо тақдим карда нашудааст, Юсуфзод иброз намуд, ки барои ба вуҷуд наомадани нафаҳмиҳои дигар масъулини ҳукумат, хонаҳо аз рӯи қуръакашӣ миёни сокинон омодагӣ мебинанд
Мавзӯъи “ях” бастани шаҳраки чинӣ дар хиёбони ба номи Р. Набиеви шаҳри Хуҷанд суолест, ки дар нишасти матбуотӣ борҳо аз ҷониби рӯзноманигорон ба унвони раисони Хуҷанд манзур карда мешуд.
Ширкати чинии "Ҳусноро 1" бо тарҳи номуваффақи "China town" мехост ба ҷойи манзилҳои сокинон хонаҳои баландошёна бардорад, аммо ахиран бинобар сабаби зиёд будани об дар ин маҳал аз ин лоиҳа даст.
Бар асоси ин тарҳ бояд дар ҷойи хонаҳои вайронкардашуда 15 бинои бисёртабақа, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ месохтанд. Муҳлати анҷоми он 5 сол буд ва он тибқи шартнома мебоист соли 2020 анҷом шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар нишасти ахираш изҳор дошт, ки чиниҳо аз уҳдаи иҷрои тарҳ набаромаданд ва лоиҳаро ба ягон ширкати таҷрибадори дигар пешниҳод хоҳанд кард.
Дасткашии соҳибкорони чинӣ аз тарҳ дар ҳолест, ки дар фосилаи 200 метр дуртар аз он "Khujand city" - ро ширкати сохтмонии "Элитсохтмон" бунёд мекунад.