https://sputnik.tj/20210413/iftor-sahari-barqi-tojik-limit-ramazon-1038325744.html
Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад
Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" дар моҳи шарифи Рамазон маҳдудяти барқро кам мекунад, то сокинон ифтор ва саҳарӣ кунанд.
2021-04-13T14:20+0500
2021-04-13T14:20+0500
2021-04-13T15:00+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
барқ
лимит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_0:92:1600:993_1920x0_80_0_0_40bd493f1c12530d1f33c2647a467c2c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. "Барқи тоҷик" лимити барқро дар моҳи Рамазон коҳиш медиҳад.Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ хабар медиҳанд.Аммо вай аз эъломи мизони дақиқи афзоиши соати интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон худдорӣ кард. Ҳамчунин сухангӯи ширкати Барқи тоҷик таъкид кард, ки замони дақиқи лағви маҳдудияти барқ дар ин кишвар мушаххас нест ва бастагӣ ба афзоиши вуруди об ба сади нерӯгоҳи барқи обии Норак хоҳад дошт.Лимити барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта ва манотиқи рустоиро ҳам шомил шуд . Маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 23 шаб то 5 субҳ иҷроӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210217/hukumat-tojikiston-karz-bark-tojik-1032843688.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_103:0:1427:993_1920x0_80_0_0_5d3958546f46674f91c52d0c9472e2ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон барқ
Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад
14:20 13.04.2021 (Навсозишуда: 15:00 13.04.2021) Лимити барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта шуд, манотиқи рустоиро ҳам фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. "Барқи тоҷик" лимити барқро дар моҳи Рамазон коҳиш медиҳад.
Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ хабар медиҳанд.
"Аз рӯзи сешанбеи 13 апрел заминаи афзоиши интиқоли барқ дар саҳаргоҳон ва шомгоҳон фароҳам хоҳад шуд то мардум битавонанд ба роҳатӣ саҳарӣ бихӯранд ва ифтор кунанд", - менависад "Парстудей" дар истинод ба Ёдгорӣ.
Аммо вай аз эъломи мизони дақиқи афзоиши соати интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон худдорӣ кард.
Ҳамчунин сухангӯи ширкати Барқи тоҷик таъкид кард, ки замони дақиқи лағви маҳдудияти барқ дар ин кишвар мушаххас нест ва бастагӣ ба афзоиши вуруди об ба сади нерӯгоҳи барқи обии Норак хоҳад дошт.
Лимити барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта ва манотиқи рустоиро ҳам шомил шуд .
Маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 23 шаб то 5 субҳ иҷроӣ шудааст.