Дар ВМКБ барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Пресс-служба ГБАОПодготовка ГБАО к Наврузу
Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ВМКБ барф меборад
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Боридани жола аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонсӣ.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0