Шавҳари занеро, ки худ ва се кӯдакашро дор овехт, боздошт карданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент дар пайи рух додани ҳодисаи худкушӣ чаҳор аъзои як хонавода дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент Лазиз Абдулазизов, шавҳари Шаҳло Шариповаро боздошт намудаанд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Шавҳари занеро, ки худ ва се кӯдакашро дор овехт, боздошт карданд. Дар ин бора манобеи огаҳ аз шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Бино бар иттилои онҳо, боздошти Абдулазизов рӯзи 11 апрел баъд аз як рӯзи рух додани ин ҳодисаи мудҳиш сурат гирифтаву мард то ҳол дар боздошт қарор дорад.
“Ҳоло ӯ дар ШВКД дар шаҳри Панҷакент нигаҳдорӣ шуда, аз сӯи мақомот мавриди бозпурсӣ қарор дода мешавад”, - гуфт манбаъ.
Рӯзи 10 апрел, ҳамсояҳову хеши пайвандони ин хонавода баъди такопу ва ҷӯстуҷӯйҳои зиёд ин чаҳор узви хонаводаро дар ҳоле пайдо намуданд, ки ҷисми беҷони онҳо танаи дарахтон овезон буд.
Шаҳло Шарипова, ҳамсари Абдулазизов се кӯдакашро ба мавзеи “Боғи Ниёз” и деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бурда, баъди ба худкушӣ расонидани онҳо, сипас худро овехтааст.
Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Мақомот куштори се кӯдаку худовезии модарро шарҳ доданд: фоҷиа дар ҷамоати Рӯдакӣ
Ин ҳодисаро мақомоти милитсия ҳам ба қайд гирифта, онро худкушӣ номид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 апрел рухдоди ин фоҷиа дар шаҳри Панҷакентро расман шарҳ дода иттилоъ дод, ки модари 32 -сола нахуст се кӯдакашро овехта, баъдан даст ба худкушӣ задааст.
Бино ба иттилоъи ин ниҳод Шарипова Шаҳло Эркиновна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент буд.
“Шарипова бинобар муноқишаи оилавӣ, 3 нафар фарзандони ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи "Боғи Ниёз"-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст ва худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта, худкушӣ кардааст”, - тавзеҳ дод ВУД.
Баъзе аз масъулини шаҳри Панҷакент рухдоди ин ҳодисаро як навъ беморӣ маънидод намуданд. Сайфулло Насриддинов, раиси ҷамоати ба номи Рӯдакӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин оила зоҳиран ҳеҷ мушкил надошт ва сатҳи иқтисодиашон ҳам хуб буд, вале чи чиз модари ин хонаводаро ба ин роҳ бурд, барои онҳо то ҳол муаммо аст.
Куштор ё худкушӣ? ҷасади духтари 16 - сола дар кӯҳҳои Леваканд дарёфт шуд
“Ин оила аз ягон чи шикоят надоштанд. Ором зиндагӣ мекарданд. Ҳамон рӯз барои шинонидани картошка рафта даст ба ин кори номатлуб задааст. Мо аз шунидани ин ҳодиса то ҳол дар тааҷуб мондаем”, - гуфт Насриддинов.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0