https://sputnik.tj/20210410/bozdoshti-rahbar-diish-afghoniston-1035215505.html
Боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ дар Афғонистон
Боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Хадамоти махсуси Афғонистон Ғулом Носирӣ, раҳбари як гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро дар
2021-04-10T17:30+0500
2021-04-10T17:30+0500
2021-04-19T17:04+0500
роҳбар
боздошт
гурӯҳи террористии "толибон"
амният ва мудофиа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/02/1029880261_0:258:2727:1791_1920x0_80_0_0_426d3da2039464f24782dd5c0790b51f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Хадамоти махсуси Афғонистон Ғулом Носирӣ, раҳбари як гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро дар Кобул боздошт кардаанд, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ.Дар ин бора ноиби президенти кишвар Амруллоҳ Солеҳ изҳорот додааст.Солеҳ гуфтаст, ки Носир дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон "нақши калидӣ" дошт.Инчунин гузориш дода мешавад, ки Носир як писари 14-соларо дар ғарби Кобул рабуда, шиканҷа додаву таҷовуз карда ва сипас куштааст.Пас аз содир кардани ин ҷиноятҳо, ӯ аз мадди назар нопадид шуд, аммо ӯро пайкорҷӯён ва амнияти миллӣ дастгир карданд.Пештар хабар дода шуд, ки дар шарқи Афғонистон нерӯҳои ҳукуматӣ яке аз пешвоёни Ал-Қоида (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ) -ро нест карданд. Фармондеҳи баландпояи ин гурӯҳ Давлат Бек Тоҷикӣ, маъруф ба Абу Муҳаммад ат-Тоҷикӣ, дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуд. Нерӯҳои мудофиаи миллӣ ва амният дар саросари кишвар амалиёти зиддитеррористӣ мегузаронанд. Музокироти сулҳ миёни мақомот ва ҷангиён дар пойтахти Қатар 12 сентябри соли 2020 оғоз ёфт, аммо то кунун ҳосили вижае дар ин самт ба даст наомадааст.
https://sputnik.tj/20210331/Dil-dardmand-Osiyo-Markaz-mushkiloti-khotim-jang-Afgoniston-1033110356.html
https://sputnik.tj/20210403/jang-Darvoz-Talbon-Mullo-Davlat-1033126564.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/02/1029880261_0:2:2727:2047_1920x0_80_0_0_7b61c1978b7c266f7b00a926e276efa8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбар, боздошт, гурӯҳи террористии "толибон", амният ва мудофиа, афғонистон
роҳбар, боздошт, гурӯҳи террористии "толибон", амният ва мудофиа, афғонистон
Боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ дар Афғонистон
17:30 10.04.2021 (Навсозишуда: 17:04 19.04.2021) Дар Афғонистон, нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ яке аз пешвоёни ДИИШ-ро (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ) боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Хадамоти махсуси Афғонистон Ғулом Носирӣ, раҳбари як гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро дар Кобул боздошт кардаанд, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ.
Дар ин бора ноиби президенти кишвар Амруллоҳ Солеҳ изҳорот додааст.
"Ғулом Носир, писари Ғулом Саҳӣ, маъруф ба Ал-Хуросонӣ, яке аз пешвоёни асосии гурӯҳи террористии ДИИШ "Толибон" ва раҳбари гурӯҳи террористии ДИИ дар Кобул, аз ҷониби нерӯҳои миллии амниятӣ боздошт шуд", - гуфта мешавад дар гузориш.
Солеҳ гуфтаст, ки Носир дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон "нақши калидӣ" дошт.
Инчунин гузориш дода мешавад, ки Носир як писари 14-соларо дар ғарби Кобул рабуда, шиканҷа додаву таҷовуз карда ва сипас куштааст.
Пас аз содир кардани ин ҷиноятҳо, ӯ аз мадди назар нопадид шуд, аммо ӯро пайкорҷӯён ва амнияти миллӣ дастгир карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шарқи Афғонистон нерӯҳои ҳукуматӣ яке аз пешвоёни Ал-Қоида (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ) -ро нест карданд.
Фармондеҳи баландпояи ин гурӯҳ Давлат Бек Тоҷикӣ, маъруф ба Абу Муҳаммад ат-Тоҷикӣ, дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуд.
Нерӯҳои мудофиаи миллӣ ва амният дар саросари кишвар амалиёти зиддитеррористӣ мегузаронанд.
Музокироти сулҳ миёни мақомот ва ҷангиён дар пойтахти Қатар 12 сентябри соли 2020 оғоз ёфт, аммо то кунун ҳосили вижае дар ин самт ба даст наомадааст.