Аз "Мерве" то "Газпром” - у “Азия Плюс”: Ҳукумати Душанбе беҳтаринҳоро гуфт

© МВД РТРесторан Мерве в Душанбе
Ресторан Мерве в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Душанбе озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020” –ро аз рӯйи 18 номина ҷамъбаст карда, бо ғолибон туҳфаҳо додааст
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, “Комбинати Шири Душанбе” ғолиби мутлақи озмун ва пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳр эътироф гардида, бо Ҷоми фахрии ғолиб қадрдонӣ карда шуд.
Ба иттилои манбаъ ширкати “Авесто Гурӯҳ”, корхонаи истеҳсолии Сиёма аз рӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, ширкати “Ноқили Талко” аз рӯи номинаи истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат, “Авитсена” аз рӯи номинаи “Сохтмон, тармим ва таъмир”, ҶСП “Заводи асфалту бетон” аз рӯйи номинатсияи “Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо” пирӯз гардидаанд.
Ширкати “Селтехпроект” дар бахши меъморӣ ва дизайн, “Асрори санг” аз рӯйи косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ, “Мерве” аз рӯйи номинатсияи хӯроки умум", “Реал-рейдинг” дар бахши савдо, “Ред Лайн” дар бахши хизмати маишӣ, “Фавз” дар хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология", “Тиб барои Шумо” дар истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ, “Маркази тиббии Шифо” дар бахши хизматрасонии тиббӣ пирӯз дониста шудаанд.
Гости и участники форума предпринимателей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Дар Тоҷикистон бештар аз 20 ҳазор соҳибкор муфлис шуданд
Ширкати “Интер-Фитнес” дар бахши хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм, “РСМ Тоҷикистон” дар хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ, “Кашфиёт Таҳлил Машварат” дар фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама, “ТТ Мобайл” дар бахши технологияҳои телекоммуникатсионӣ беҳтарин дониста шудаанд.
Ширкати телевизион ва радиоии “Азия Плюс” дар бахши технологияҳои ахборотӣ ғолиб эълон гардида, бо мукофот қадрдонӣ шудаанд.
Инчунин ба бархе аз ширкатҳо барои иштироки фаъол сипосномаҳо супорида шудааст.
Аз ҷумла “Фабрикаи шири Саодат”, “Газпромнефт Тоҷикистон”, ҷамъияти “Ёвар”, “Шивер Тоҷикистон” ва бархе ширкати соҳибкорони дигар сипосномаи шаҳрдориро гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0