https://sputnik.tj/20210409/kreml-ittilo-daroma-qodirov-1035205557.html
Шарҳи Кремл дар бораи нашри иттилоъ оид ба даромади Рамазон Қодиров
Шарҳи Кремл дар бораи нашри иттилоъ оид ба даромади Рамазон Қодиров
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Кремл маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои санҷишҳои хадамоти махсус оид ба масъалаи даромади сарвари Чеченистон Рамозон Қодировро ба назар
2021-04-09T20:37+0500
2021-04-09T20:37+0500
2021-04-10T17:02+0500
дороӣ
иттилоъ
кремл
рамазон қодиров
дар русия
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Кремл маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои санҷишҳои хадамоти махсус оид ба масъалаи даромади сарвари Чеченистон Рамозон Қодировро ба назар мегирад, гуфт котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков."Тафтишот як чиз аст, аммо эъломия чизи дигар. Ҳама сарони минтақаҳо эъломияҳоро пур мекунанд ва пешниҳод мекунанд, пас онро идораҳои дахлдор месанҷанд. Дар ҳолати зарурӣ санҷиши дақиқтаре гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат, мо ба маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои расмии санҷишҳои хадамоти махсус дар ин самт диққат медиҳем", - гуфт Песков дар посух ба савол дар робита ба "тафтишот"-и баъзе расонаҳо дар робита ба амволи раҳбари Чеченистон.Ба гуфтаи сухангӯи Кремл "маълумоти мустақиме, ки аз ҷониби воҳидҳои дахлдори мубориза бо коррупсия тафтиш карда мешаванд, хеле эътимодноктаранд, нисбат ба маълумоти дар ВАО нишондодашуда".Ба суоли ин ки оё дар ин ҳолат барои тафтиши дақиқтаре ҳолате ҳаст, Песков посухи манфӣ дод. Номбурда гуфт, мо пеш аз ҳама ба натиҷаи санҷишҳои расмӣ, ки шӯъбаҳои мубориза бо фасоди мо анҷом медиҳанд, диққат медиҳем, таъкид кард Песков, дар посух ба суоли, оё маълумоте, ки дар ВАО нашр мешавад, бо маълумоти эъломшуда мувофиқат мекунад ё на.Вай таъкид кард, ки воҳидҳои мубориза бо фасод "аз манбаъҳои аввалия, ҳама гуна амволи шахс, дороиҳои бонкии ӯ, фаъолияти сармоягузорӣ ва амсоли инҳо, амволи ғайриманқул, ин ҳамаро бодиққат тафтиш карда мешаванд".Ба гуфтаи Песков, ин бахшҳо вазифаҳои худро ба таври кофӣ иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20210401/Ramzan-qodirov-joiza-Nobel-girad-1033114226.html
кремл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дороӣ, иттилоъ, кремл, рамазон қодиров, дар русия, ҳамаи хабарҳо
дороӣ, иттилоъ, кремл, рамазон қодиров, дар русия, ҳамаи хабарҳо
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Кремл маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои санҷишҳои хадамоти махсус оид ба масъалаи даромади сарвари Чеченистон Рамозон Қодировро ба назар мегирад, гуфт котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков.
"Тафтишот як чиз аст, аммо эъломия чизи дигар. Ҳама сарони минтақаҳо эъломияҳоро пур мекунанд ва пешниҳод мекунанд, пас онро идораҳои дахлдор месанҷанд. Дар ҳолати зарурӣ санҷиши дақиқтаре гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат, мо ба маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои расмии санҷишҳои хадамоти махсус дар ин самт диққат медиҳем", - гуфт Песков дар посух ба савол дар робита ба "тафтишот"-и баъзе расонаҳо дар робита ба амволи раҳбари Чеченистон.
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл "маълумоти мустақиме, ки аз ҷониби воҳидҳои дахлдори мубориза бо коррупсия тафтиш карда мешаванд, хеле эътимодноктаранд, нисбат ба маълумоти дар ВАО нишондодашуда".
Ба суоли ин ки оё дар ин ҳолат барои тафтиши дақиқтаре ҳолате ҳаст, Песков посухи манфӣ дод.
"Барои санҷишҳои иловагӣ ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад, зеро ҳама маълумоте, ки роҳбарони минтақаҳо, мансабдорони давлатӣ эълон мекунанд, онҳо аллакай ба таври мукаммал тафтиш карда мешаванд ва ин ҳар сол анҷом дода мешавад", - гуфт ӯ.
Дмитрий Песков
котиби матбуоти президенти Русия
Номбурда гуфт, мо пеш аз ҳама ба натиҷаи санҷишҳои расмӣ, ки шӯъбаҳои мубориза бо фасоди мо анҷом медиҳанд, диққат медиҳем, таъкид кард Песков, дар посух ба суоли, оё маълумоте, ки дар ВАО нашр мешавад, бо маълумоти эъломшуда мувофиқат мекунад ё на.
Вай таъкид кард, ки воҳидҳои мубориза бо фасод "аз манбаъҳои аввалия, ҳама гуна амволи шахс, дороиҳои бонкии ӯ, фаъолияти сармоягузорӣ ва амсоли инҳо, амволи ғайриманқул, ин ҳамаро бодиққат тафтиш карда мешаванд".
Ба гуфтаи Песков, ин бахшҳо вазифаҳои худро ба таври кофӣ иҷро мекунанд.