Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Маскав ҷарроҳӣ шуд

© Фото : ФФТИскандар Джалилов, архивное фото
Искандар Джалилов, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз осеби сахт дар тамрин ҷарроҳӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Искандар Ҷалилов пас аз осеби вазнин дар Маскав ҷарроҳӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ҷалилов дар клиникаи травматология ва ортопедияи Маскав ҷарроҳӣ карда шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳимоятгари 28-солаи "Истиқлол" -и Душанбе Искандар Ҷалилов ҳангоми тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Гуфта мешавад, ҷарроҳии футболбозро табибони Маскав бомуваффақият анҷом додаанд.
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Ҷалиловро бар асари осеби вазнин барои як муддат аз даст дод. Варзишгар ба роҳбарияти клуби "Истиқлол" барои дастгирӣ изҳори сипос кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, муҳлати барқароршавӣ тақрибан шаш моҳро дар бар мегирад.
Бо сабаби ҷароҳати вазнин, варзишгар дар доираи интихоби Ҷоми Ҷаҳон-2022 наметавонад дар бозии муҳим бо Муғулистон ширкат варзад.
Лентаи хабарҳо
0