https://sputnik.tj/20210409/duzdiho-masojid-jomei-tojikiston-videoi-vkd-aybdorshavanda-1035176124.html
Дуздиҳои рӯзи ҷумъа дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон: видеои ВКД ва шарҳи айбдоршаванда
Дуздиҳои рӯзи ҷумъа дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон: видеои ВКД ва шарҳи айбдоршаванда
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Азим Абдураҳмонов, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ба Суғд рафтааст, вақти намози ҷумъа аз кисаи намозгузорон
2021-04-09T13:53+0500
2021-04-09T13:53+0500
2021-04-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
масҷид
дуздӣ
боздошт
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738138_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_bd6f3140053fa40a1bf99e6452dfb31f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Азим Абдураҳмонов, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ба Суғд рафтааст, вақти намози ҷумъа аз кисаи намозгузорон телефону маблағ медуздидааст. ВУД тавзеҳ додааст, ки айбдоршаванда замоне даст ба дуздӣ мезадаст, ки намозгузорон болопӯшҳояшонро дар овезаҳои таҳоратхона мегузоштаанд. Манбаъ афзуд, дар масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳайдар Усмон, рӯзи 12 март аз кисаи намозгузор телефони арзишаш 2100 сомонӣ ва як ҳафта баъд бо ҳамин шева аз кисаи намозгузори дигар 100 доллар ва 1200 сомонӣ пул гирифтааст. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки айбдоршаванда дар масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд рӯзи 15 март, аз кисаи як намозгузор, ки соҳибкор аз шаҳри Истаравшан будааст, 2400 доллари амрикоиро гирифтааст. Назари бевоситаи айбдоршаванда ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомот маълум нест. Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо дурбинҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738138_329:0:3000:2003_1920x0_80_0_0_ece372dfd81d5fe4343ac7d47fc25105.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, масҷид, дуздӣ, боздошт, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, масҷид, дуздӣ, боздошт, ҳамаи хабарҳо
Дуздиҳои рӯзи ҷумъа дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон: видеои ВКД ва шарҳи айбдоршаванда
13:53 09.04.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Азим Абдураҳмонов, сокини 24-солаи шаҳри Бохтар хабар дод, ки дар ҳолатҳои дуздӣ дар масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд айбдор мешавад
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Азим Абдураҳмонов, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ба Суғд рафтааст, вақти намози ҷумъа аз кисаи намозгузорон телефону маблағ медуздидааст.
ВУД тавзеҳ додааст, ки айбдоршаванда замоне даст ба дуздӣ мезадаст, ки намозгузорон болопӯшҳояшонро дар овезаҳои таҳоратхона мегузоштаанд.
Муттаҳам тайи як ҳафта - аз ҷумъа то ҷумъа ду бор дар масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як бор дар масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд дуздӣ карда, дар маҷмуъ беш аз 2500 доллари амрикоӣ ва телефонро гирифтааст, - гузориш дод ВУД.
Манбаъ афзуд, дар масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳайдар Усмон, рӯзи 12 март аз кисаи намозгузор телефони арзишаш 2100 сомонӣ ва як ҳафта баъд бо ҳамин шева аз кисаи намозгузори дигар 100 доллар ва 1200 сомонӣ пул гирифтааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки айбдоршаванда дар масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд рӯзи 15 март, аз кисаи як намозгузор, ки соҳибкор аз шаҳри Истаравшан будааст, 2400 доллари амрикоиро гирифтааст.
Назари бевоситаи айбдоршаванда ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомот маълум нест.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо дурбинҳои назоратӣ насб карда шудаанд.