https://sputnik.tj/20210408/rusiya-munosibat-muhojiron-bad-1035118242.html
Дар Русия муносибат ба муҳоҷирон бадтар шудааст: чӣ гуна бояд ислоҳ кард
Дар Русия муносибат ба муҳоҷирон бадтар шудааст: чӣ гуна бояд ислоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар семинар-машварати солонаи ноҳиявӣ дар Новосибирск муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов ба мавзӯи
2021-04-08T15:51+0500
2021-04-08T15:51+0500
2021-04-19T16:54+0500
муҳоҷират
муносибат
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/85/1031248559_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_aa4bb691cceab6e4fcdfc08ecd18f786.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар семинар-машварати солонаи ноҳиявӣ дар Новосибирск муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов ба мавзӯи дардноки муносибати русҳо ба муҳоҷирон дахл кард. "Дар соли 2020 тақрибан ҳар чорумин посухдиҳанда муносибати манфӣ нисбати муҳоҷиронро изҳор дошт. Дар айни замон, тамоюли манфӣ ба назар мерасад", - гуфт намояндаи Кремл. Вай афзуд, ки вазъи қабули хориҷиён дар Русия танҳо бадтар мешавад: шумораи одамоне, ки бо муҳоҷирон бад муносибат мекунанд, 7,5% афзудааст.Намояндаи маъмурияти президент шарҳ дод, ки афзоиши муносибати манфӣ нисбати меҳмонон метавонад боиси бад шудани муносибатҳои байналмилалӣ гардад. Илова бар ин, Муҳаммадов қайд кард, ки ташаккули анклавҳои этникӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, на танҳо ба ҷинояткории ҷомеа мусоидат мекунад, балки барои зуҳуроти миллатгароӣ, бегонаситезӣ ва низоъбарангезанда бо аҳолии маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия қайд кард, ки барои ҳалли он бояд кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок шавад, инчунин чораҳои системавӣ оид ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия роҳандозӣ шаванд.Илова бар ин, Муҳаммадсалом Муҳаммадов қайд кард, ки системаи маорифи Русия барои ворид шудани кӯдакони муҳоҷир омода нест.
https://sputnik.tj/20210331/Rusiya-nizom-muhojirat-oson-1033105583.html
https://sputnik.tj/20210330/maktab-kudakon-russia-mujojiron-1033104059.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/85/1031248559_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_dc5c77d9edef6b8dc8a0c2f9c81befc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, муносибат, дар русия, дар тоҷикистон
муҳоҷират, муносибат, дар русия, дар тоҷикистон
Дар Русия муносибат ба муҳоҷирон бадтар шудааст: чӣ гуна бояд ислоҳ кард
15:51 08.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар сатҳи олӣ бегонаситезии афзояндаи русҳоро нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ қайд карданд
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар семинар-машварати солонаи ноҳиявӣ дар Новосибирск муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов ба мавзӯи дардноки муносибати русҳо ба муҳоҷирон дахл кард.
"Дар соли 2020 тақрибан ҳар чорумин посухдиҳанда муносибати манфӣ нисбати муҳоҷиронро изҳор дошт. Дар айни замон, тамоюли манфӣ ба назар мерасад", - гуфт намояндаи Кремл.
Вай афзуд, ки вазъи қабули хориҷиён дар Русия танҳо бадтар мешавад: шумораи одамоне, ки бо муҳоҷирон бад муносибат мекунанд, 7,5% афзудааст.
Намояндаи маъмурияти президент шарҳ дод, ки афзоиши муносибати манфӣ нисбати меҳмонон метавонад боиси бад шудани муносибатҳои байналмилалӣ гардад.
Илова бар ин, Муҳаммадов қайд кард, ки ташаккули анклавҳои этникӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, на танҳо ба ҷинояткории ҷомеа мусоидат мекунад, балки барои зуҳуроти миллатгароӣ, бегонаситезӣ ва низоъбарангезанда бо аҳолии маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия қайд кард, ки барои ҳалли он бояд кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок шавад, инчунин чораҳои системавӣ оид ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия роҳандозӣ шаванд.
Илова бар ин, Муҳаммадсалом Муҳаммадов қайд кард, ки системаи маорифи Русия барои ворид шудани кӯдакони муҳоҷир омода нест.