Рамазон Раҳимзода бо вазири қирғиз вазъи минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ кард

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишварро раҳбарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва ҳамтои қирғизаш Улан Низябеков муҳокима карданд.
"Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар вилояти Суғд, миёни сарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон Рамазон Раҳимзод ва Улан Ниёзбеков баррасӣ шуданд", - омадааст дар иттилои ин ниҳод.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таҳкими амният ва субот дар минтақаҳои наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон мусоидат кунанд.
На юге Кыргызстана начались масштабные военные учения — видео - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Навори машқҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Вазирон махсусан ба муҳокимаи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории наздимарзӣ тамаркуз карданд", - гуфтанд дар вазорат.
Дар поёни музокирот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва омодагии худро барои таҳкими заминаи ҳуқуқии фаъолияти муштарак тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0