Мақомоти Эрон: тавлиди ваксинаи "Ков Эрон Баракат" дар мароҳили ниҳоӣ аст

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Марҳилаи нахусти хатти тавлиди ваксинаи эронӣ бар зидди вируси корона бо номи "Ков Эрон Баракат" дар мароҳили ниҳоӣ аст
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, марҳалаи нахусти хатти тавлиди ваксинаи эронӣ бар зидди вируси корона бо номи "Ков Эрон Баракат" бо зарфияти тавлиди моҳонаи 3 миллион доза дар мароҳили ниҳоист.
Доктор Муҳаммади Мухбир раиси ситоди иҷроии фармони Ҳазрат Имом Хумайнӣ пеш аз ин низ гуфта буд, ки имконоти тавлиди анбуҳи ваксинаи " Ков Эрон Баракат " фароҳам шудааст.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад
Ба гуфтаи вай марҳалаи дувуми тавлиди ваксина бо зарфияти байни 12 то 15 миллион доза дар моҳ аст, ки то ду моҳи оянда ба итмом хоҳад расид.
Доктор Муҳаммади Мухбир изофа кард, ки мароҳили дувуму сеюми озмоиши инсонии ваксинаи Ков Эрон Баракат бомуваффақият идома дорад.
Зарфияти тавлиди ин ваксинаи эронӣ байни 15 то 20 миллион доза хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0