Боздошти духтари 15- сола ба иттиҳоми дуздӣ дар ҳолати мастӣ

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти духтарбачаи ноболиғи 15-сола хабар медиҳад, ки дар ғоратгарӣ муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 қисими 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 3-юми апрели соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ даст ба чунин кор задааст.
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Ғоратгарӣ дар Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳри Левакант
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз кисаи болопӯши (курткаи) марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, 960-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0