Русия муҳоҷиронро аз коронавирус эм намекунад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСотрудница лаборатории Федерального научного центра исследований и разработки иммунобиологических препаратов имени М. П. Чумакова
Сотрудница лаборатории Федерального научного центра исследований и разработки иммунобиологических препаратов имени М. П. Чумакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Коршиносони Ситоди фаврии мубориза бо коронавируси Русия тавзеҳ доданд, ки оё муҳоҷирон низ эм карда мешаванд ё не
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Ситоди фаврии мубориза бо коронвируси Русия ба суоли рӯзноманигрон дар бораи эҳтимоли эм кардани муҳоҷирони дар ҳудуди кишвар қарордошта аз коронавирус посух доданд.
Кормандони ташкилот таъкид карданд, ки феълан танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд худро аз коронавирус безарар гардонанд.
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Русия боз ба Тоҷикистон ваксин ирсол мекунад
Дар ҳамин ҳол, Ситоди фаврӣ нагуфтааст, ки оё дар оянда чунин имконият - ваксин задани муҳоҷирон фароҳам оварда мешавад ё не.
"Феълан, дар ҳудуди Федератсияи Русия танҳо шаҳрвандони кишвар ваксин карда мешаванд", - гуфтааст намояндаи ситод.
Ёдрас мешавем, ки охирҳои январ Александр Макаров роҳбари Иттифоқи касабаи таксистҳои Маскав пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон низ ваксин карда шаванд.
Ба гуфтаи вай, муҳоҷир - дар навбати аввал нафарест, ки эм нашудаву метавонад боиси паҳн шудани беморӣ шавад.
Ин иқдоми Макаровро мудири лоиҳаи Бунёди рушди муносибатҳои байналмилалии Маскав Юрий Московский ҷонибдорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0