https://sputnik.tj/20210406/muloqot-javod-zarif-sodir-jabborov-iran-qirgizistan-1034307414.html
Мулоқоти Ҷавод Зариф бо Содир Ҷабборов: Эрон ба Қирғизистон чӣ пешниҳод кард?
Мулоқоти Ҷавод Зариф бо Содир Ҷабборов: Эрон ба Қирғизистон чӣ пешниҳод кард?
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахуст вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, бо Руслан Қаззоқбоев вазири умури хориҷаи Қирғизисон дидор ва гуфтугӯ кард,
2021-04-06T20:00+0500
2021-04-06T20:00+0500
2021-04-06T20:01+0500
эрон
қирғизистон
осиёи марказӣ
ҳамкорӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1034295743_0:0:2570:1446_1920x0_80_0_0_3e6ffc69e3c38deba331f099151efc2d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахуст вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, бо Руслан Қаззоқбоев вазири умури хориҷаи Қирғизисон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”. Гуфта шудааст, ки Зариф дар дидор бо ҳамтои қирғизистонӣ, ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон ва густариши ифротгароӣ ва терроризмро таҳдидҳои муштарак дар минтақа хонд. Зариф бо ишора ба равобити амиқ ва торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии байни мардуми Эрону мардуми минтақаи Осиёи марказӣ изофа кард, ки имкон баҳрабардорӣ аз шароити минтақа барои густариши тавсеаи иқтисодӣ ва дастрасии Қирғизистон ба обҳои байналмилалӣ ва транзити манофеи муштараки Теҳрон ва Бишкек аст. Сипас вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек дидор ва дар мавриди густариши муносиботи дуҷониба гуфтугӯ кард.Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷаводи Зариф, дар дидор бо Садир Ҷабборов, ба зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф ишора ва аз Ҷабборов барои тавваҷуҳ ба равобити дуҷониба қадрдонӣ кард.Гуфта шудааст, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар, рифоҳ, амният ва оромиши мардуми Қирғизистонро барои Эрон боаҳамият арзёбӣ кард.Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, вуҷуди зарфияти боло барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, тавлиди дору ва сохтусозро ёдовар шуд.Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон дар заминаи муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.Қарор аст, Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз Бишкек ба Ишқободи Туркманистон сафар кунад.
https://sputnik.tj/20210406/zarifu-mirziyoev-ravobiti-siyos-iqtisod-va-farhangiro-barras-kardand-1034261413.html
https://sputnik.tj/20210405/Safar-Zarif-Osiyo-Markaz-Toshkand-ogoz-1033136812.html
эрон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1034295743_68:0:2492:1818_1920x0_80_0_0_2018f227a0c239ebae93ab22d401e8d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, қирғизистон, осиёи марказӣ, ҳамкорӣ, мулоқот
эрон, қирғизистон, осиёи марказӣ, ҳамкорӣ, мулоқот
Мулоқоти Ҷавод Зариф бо Содир Ҷабборов: Эрон ба Қирғизистон чӣ пешниҳод кард?
20:00 06.04.2021 (Навсозишуда: 20:01 06.04.2021) Вазири умури хориҷаи Эрон баъд аз мулоқоташ бо раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз дар чорчӯби сафари минтақавӣ вориди Бишкек шуд. Муҳаммадҷаводи Зариф бо вазири умури хориҷа ва раисҷумҳурии Қирғизистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахуст вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, бо Руслан Қаззоқбоев вазири умури хориҷаи Қирғизисон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Гуфта шудааст, ки Зариф дар дидор бо ҳамтои қирғизистонӣ, ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон ва густариши ифротгароӣ ва терроризмро таҳдидҳои муштарак дар минтақа хонд.
Зариф бо ишора ба равобити амиқ ва торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии байни мардуми Эрону мардуми минтақаи Осиёи марказӣ изофа кард, ки имкон баҳрабардорӣ аз шароити минтақа барои густариши тавсеаи иқтисодӣ ва дастрасии Қирғизистон ба обҳои байналмилалӣ ва транзити манофеи муштараки Теҳрон ва Бишкек аст.
Сипас вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек дидор ва дар мавриди густариши муносиботи дуҷониба гуфтугӯ кард.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷаводи Зариф, дар дидор бо Садир Ҷабборов, ба зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф ишора ва аз Ҷабборов барои тавваҷуҳ ба равобити дуҷониба қадрдонӣ кард.
Гуфта шудааст, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар, рифоҳ, амният ва оромиши мардуми Қирғизистонро барои Эрон боаҳамият арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, вуҷуди зарфияти боло барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, тавлиди дору ва сохтусозро ёдовар шуд.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон дар заминаи муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.
Қарор аст, Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз Бишкек ба Ишқободи Туркманистон сафар кунад.