https://sputnik.tj/20210406/maqomot-tajikistan-sarmoyaguzori-khoriji-kishvar-afzoish-1034266481.html
Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷиро ба кишвар афзоиш диҳанд
Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷиро ба кишвар афзоиш диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар давоми се соли наздик ба иқтисоди кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб
2021-04-06T16:50+0500
2021-04-06T16:50+0500
2021-04-19T16:54+0500
иқтисод
сармоягузорӣ
ҳукумат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722665_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_95eee2227b42908a550132109b06918b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар давоми се соли наздик ба иқтисоди кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб намоянд. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои аслии макроиқтисодии Тоҷикистон, дар соли 2021-2023, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 200 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ҳамин тавр дар соли 2021 ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 774 миллион доллар пешбинӣ мешавад. Дар соли 2022 ин нишондиҳанда 924 миллион доллар ва дар соли 2023 ҳудуди 1,69 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ёдрас мешавем, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ду баробар коҳиш ёфта, 428 миллион долларо ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 150 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳури 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 3,5 миллиард доллар амалӣ мешавад. Бе пул монданд: сармоягузорӣ ба нафти шил ба таври назаррас коҳиш ёфтДар сохтори ин лоиҳаҳо наздик ба 50 дарсадаш қарз, беш аз 45 дарсадаш грант ва қисми боқимонда ҳисаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20210217/Kumitai-sarmoyaguzori-sarmoyahoi-khoriji-kohish-yoft-1032839070.html
https://sputnik.tj/20201014/Rahmon-gayr-az-sokhtmoni-Rogun-tatbiki-boz-12-loiaho-idoma-dorad-1032087399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722665_137:0:1844:1280_1920x0_80_0_0_f654d2e5b468020d1b6d922d161eb3e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, сармоягузорӣ, ҳукумат, дар тоҷикистон
иқтисод, сармоягузорӣ, ҳукумат, дар тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷиро ба кишвар афзоиш диҳанд
16:50 06.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад дар давоми се сол ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишварро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар давоми се соли наздик ба иқтисоди кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб намоянд.
Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои аслии макроиқтисодии Тоҷикистон, дар соли 2021-2023, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 200 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Ҳамин тавр дар соли 2021 ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 774 миллион доллар пешбинӣ мешавад.
Дар соли 2022 ин нишондиҳанда 924 миллион доллар ва дар соли 2023 ҳудуди 1,69 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ду баробар коҳиш ёфта, 428 миллион долларо ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 150 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳури 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 3,5 миллиард доллар амалӣ мешавад.
Дар сохтори ин лоиҳаҳо наздик ба 50 дарсадаш қарз, беш аз 45 дарсадаш грант ва қисми боқимонда ҳисаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.