Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои эмшудаҳо аз COVID-19 иҷозат дод

© AP / Ministry of MediaПаломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Дар як замимаи махсуси мобилӣ, ба ҳоҷӣ лозим меояд, ки вақти намоз ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро "брон кунад"
ДУШАНБЕ, 6 апр- Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ, ба зоироне, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, иҷозат дода мешавад, ки дар моҳи Рамазон ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд, менависад AlArabiya.
Тибқи маълумоти нав, ҳоҷӣ бояд ду вояи ваксинаи COVID-19 - ро бигирад, сипас барои зиёрати умра ҳуҷҷатҳояшро барои зиёрати ҷойҳои муқаддас ба умури Макка пешниҳод кунад ва сипас дар замимаҳои махсус сабти ном шавад.

"Дар замимаи мобилӣ, ҳоҷӣ бояд соати фармоишӣ барои намоз ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро "банд кунад ", - омадааст дар хабар.

Бар асоси ин қарор ҳамзамон зоирини тоҷик, ки аз коронавирус эм гирифтаанд, метавонанд ба сафари Ҳаҷҷи умра бароянд.
Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили ба 2 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Ёдовар мешавем, ки Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом аст. Зиёри ин макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як мартиба фарз аст.
Ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағйир меёбад. Ҳамчунин мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.
Лентаи хабарҳо
0