https://sputnik.tj/20210406/SjB-COVID-hayvonot-siroyat-1033140510.html
СҶБ: беморони COVID метавонанд ҳайвонотро сироят кунанд
СҶБ: беморони COVID метавонанд ҳайвонотро сироят кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони созмони байналмилалӣ муътақиданд, ки дар сурати интиқоли вирус аз инсон ба ҳайвонот мутатсияи генетикӣ имконпазир аст 06.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-06T12:28+0500
2021-04-06T12:28+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
тут
олимон
ҳайвон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/76/1031507677_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ae136d78615ae7c0b68106bea05073de.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имкони интиқоли коронавирус аз одам ба ҳайвон ва тағироти минбаъдаи генетикии онро эълом кардааст. Дар ин бора ба РИА Новости намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович хабар додааст.Аз ин сабаб, СҶБ ба шахсони сироятёфта тавсия медиҳад, ки робитаро бо ҳайвоноти хонагӣ ва дигар ҳайвонот маҳдуд кунанд."COVID-19 асосан тавассути гузариш аз одам ба одам паҳн мешавад, аммо далелҳои сироятёбии одам ба ҳайвонот мавҷуданд, зеро он вируси зоонотикӣ аст. Мизони мутатсия ҳанӯз муайян карда нашудааст", - гуфт Вуйнович.Ба гуфтаи вай, агар вирус аз одам ба ҳайвон гузарад, мутатсияи генетикӣ имконпазир аст."Вақте ки вирусҳо дар байни ҷамъияти одамон ва ҳайвонҳо ҳаракат мекунанд, метавонанд тағирёбии генетикӣ ба амал оянд ва ин тағиротҳо метавонанд ба бемориҳои инсон асар дошта бошанд", - гуфт сухангӯи СҶБ.Вуйнович ҳушдор дод, ки одамон метавонанд сагҳо, гурбаҳо, минкҳо, палангҳо, шерҳо ва сагҳои енотро сироят кунанд. Мутахассисон таъсири вирусро ба ҳайвонҳои дигар то ҳол меомӯзанд, то фаҳманд, ки кадом организмҳои зинда ба он бештар осебпазиранд ва метавонанд ба "хазинаи ҳайвонот" табдил ёбанд.
https://sputnik.tj/20210306/Kay-koronavirus-anjom-meyobad-1032959792.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/76/1031507677_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b6d16007f99d5c3c499ea27314b1337f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, тут, олимон, ҳайвон, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, тут, олимон, ҳайвон, коронавирус
СҶБ: беморони COVID метавонанд ҳайвонотро сироят кунанд
12:28 06.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Коршиносони созмони байналмилалӣ муътақиданд, ки дар сурати интиқоли вирус аз инсон ба ҳайвонот мутатсияи генетикӣ имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имкони интиқоли коронавирус аз одам ба ҳайвон ва тағироти минбаъдаи генетикии онро эълом кардааст. Дар ин бора ба РИА Новости намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович хабар додааст.
Аз ин сабаб, СҶБ ба шахсони сироятёфта тавсия медиҳад, ки робитаро бо ҳайвоноти хонагӣ ва дигар ҳайвонот маҳдуд кунанд.
"COVID-19 асосан тавассути гузариш аз одам ба одам паҳн мешавад, аммо далелҳои сироятёбии одам ба ҳайвонот мавҷуданд, зеро он вируси зоонотикӣ аст. Мизони мутатсия ҳанӯз муайян карда нашудааст", - гуфт Вуйнович.
Ба гуфтаи вай, агар вирус аз одам ба ҳайвон гузарад, мутатсияи генетикӣ имконпазир аст.
"Вақте ки вирусҳо дар байни ҷамъияти одамон ва ҳайвонҳо ҳаракат мекунанд, метавонанд тағирёбии генетикӣ ба амал оянд ва ин тағиротҳо метавонанд ба бемориҳои инсон асар дошта бошанд", - гуфт сухангӯи СҶБ.
Вуйнович ҳушдор дод, ки одамон метавонанд сагҳо, гурбаҳо, минкҳо, палангҳо, шерҳо ва сагҳои енотро сироят кунанд. Мутахассисон таъсири вирусро ба ҳайвонҳои дигар то ҳол меомӯзанд, то фаҳманд, ки кадом организмҳои зинда ба он бештар осебпазиранд ва метавонанд ба "хазинаи ҳайвонот" табдил ёбанд.