Ҳалокати марди 57-сола аз зарби бел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: шарҳи ВКД

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Сокини 61-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли як мард, ҳукми зиндон аз 12 то 15 сол таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Султонов Мирзомалик арестован за убийство жены - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
ВКД тафсилоти қатли бераҳмонаи Гулнигорро нашр кард - навор
Ба иттилои манбаъ, номбурда, 26-уми марти соли 2021, тахминан соати 08:00, дар кӯчаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Хистеварз бо марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур муноқиша карда, бо бели дар дасташ буда 1 маротиба ба сараш задааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардонида шудааст.
"Номбурда, рӯзи 4-уми апрели соли 2021, тахминан соати 23:10-дақиқа, аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин банди моддаи Кодекси ҷиноятӣ  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0