https://sputnik.tj/20210405/manizha-panayotov-tarona-evrovidenie-1033138486.html
Панайотов таронаи Манижаро феминистӣ гуфт
Панайотов таронаи Манижаро феминистӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз овозхонҳои машҳури Русия Александр Панайотов дар таронаи "Зани рус"-и Манижа ғояи феминистӣ пайдо кардааст 05.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-05T19:27+0500
2021-04-05T19:27+0500
2021-04-06T14:35+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
манижа сангин
тарона
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033137927_0:45:3017:1742_1920x0_80_0_0_ad0c3fdb6e31832ecd10586120a0f820.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳунарманди рус Александр Панайотов изҳор доштааст, ки таронаи Манижа, ки ба Евровидение-2021 пешниҳод мешавад, суолҳои зиёдро ба миён меорад. Дар ин бора овозхон дар мусоҳиба бо нашриёти Starhit гуфтааст. Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суол дар бораи муносибати вай ба ширкати Манижа дар Евровидение, посухи мусбӣ додааст."Ман нисбати ӯ чун ба мусиқисоз ва овозхон назари нек дорам. Манижа - духтари ҷолиб ва мустақил аст. Ба таронаи интихобшуда бошад суолбарангез аст", - таъкид кардааст овозхон.Ӯ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки "даъво"-и вай бештар нисбат ба матни тарона аст, нисбат ба мусиқии он. "Аммо феълан замони феминизм аст, барои ҳамин, шояд ин тарона мубрам бошад", - тавзеҳ додааст мавқеашро овозхон. Пештар номзади "ҳамашегӣ"-и Евровидение Александр Панайотов гуфт, ки чаро ширкати ӯро ин дафъа низ дар давраи интихобии озмуни тасдиқ накарданд.Ба гуфтаи овозхон, ду ҳафта пеш аз озмун ба вай ташкилкунандагонаш занг задаву хоҳиш карданд, ки чанд таронаашро пешниҳод кунад. Ӯ чанд таронаашро дар ҳоле ирсол кард, ки пурра боварӣ дошт, ба озмун Little Big сафар мекунанд ва баъди чанд муддат ба ӯ занг задаву "не" гуфтанд.Ба гуфтаи Панайотов, ташкилкунандагон далели рад карданашонро тағйир ёфтани нақшаҳо гуфтаву аз ӯ узрхоҳӣ кардаанд.Рӯҳонӣ ҳам дар бораи суруди Манижа гуфту ба ӯ маслиҳате додОн замон овозхон изҳор дошт, ки имрӯз ба одамон "дигар мусиқӣ ва дигар қаҳрамонҳо" лозиманд. Ба гуфтаи вай, ба онҳо чунин овозхоне лозим нест, ки мусиқиро шоиста муаррифӣ кунад".Дар ҳамин ҳол, Панайотов боварӣ дорад, ки соли оянда ӯ Русияро дар Евровидение муаррифӣ мекунад. Озмуни Евровидение - 2021 имсол аз 18 то 22 май дар Роттердам баргузор мешавад. Нидерландҳо пас аз он имкони баргузории ин озмунро пайдо карданд, ки намояндаашон дар соли 2019 дар озмун пирӯз шуд.
https://sputnik.tj/20210405/Rekordi-navi-Manizha-dar-Evrovidenie-2021-1033132729.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033137927_115:0:2846:2048_1920x0_80_0_0_a24ad03c66a6bfcd1b3991d52edaf551.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, тарона, озмун
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, тарона, озмун
Панайотов таронаи Манижаро феминистӣ гуфт
19:27 05.04.2021 (Навсозишуда: 14:35 06.04.2021) Яке аз овозхонҳои машҳури Русия Александр Панайотов дар таронаи "Зани рус"-и Манижа ғояи феминистӣ пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳунарманди рус Александр Панайотов изҳор доштааст, ки таронаи Манижа, ки ба Евровидение-2021 пешниҳод мешавад, суолҳои зиёдро ба миён меорад. Дар ин бора овозхон дар мусоҳиба бо нашриёти Starhit гуфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суол дар бораи муносибати вай ба ширкати Манижа дар Евровидение, посухи мусбӣ додааст.
"Ман нисбати ӯ чун ба мусиқисоз ва овозхон назари нек дорам. Манижа - духтари ҷолиб ва мустақил аст. Ба таронаи интихобшуда бошад суолбарангез аст", - таъкид кардааст овозхон.
Ӯ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки "даъво"-и вай бештар нисбат ба матни тарона аст, нисбат ба мусиқии он.
"Аммо феълан замони феминизм аст, барои ҳамин, шояд ин тарона мубрам бошад", - тавзеҳ додааст мавқеашро овозхон.
Пештар номзади "ҳамашегӣ"-и Евровидение Александр Панайотов гуфт, ки чаро ширкати ӯро ин дафъа низ дар давраи интихобии озмуни тасдиқ накарданд.
Ба гуфтаи овозхон, ду ҳафта пеш аз озмун ба вай ташкилкунандагонаш занг задаву хоҳиш карданд, ки чанд таронаашро пешниҳод кунад.
Ӯ чанд таронаашро дар ҳоле ирсол кард, ки пурра боварӣ дошт, ба озмун Little Big сафар мекунанд ва баъди чанд муддат ба ӯ занг задаву "не" гуфтанд.
Ба гуфтаи Панайотов, ташкилкунандагон далели рад карданашонро тағйир ёфтани нақшаҳо гуфтаву аз ӯ узрхоҳӣ кардаанд.
Он замон овозхон изҳор дошт, ки имрӯз ба одамон "дигар мусиқӣ ва дигар қаҳрамонҳо" лозиманд. Ба гуфтаи вай, ба онҳо чунин овозхоне лозим нест, ки мусиқиро шоиста муаррифӣ кунад".
Дар ҳамин ҳол, Панайотов боварӣ дорад, ки соли оянда ӯ Русияро дар Евровидение муаррифӣ мекунад.
Озмуни Евровидение - 2021 имсол аз 18 то 22 май дар Роттердам баргузор мешавад. Нидерландҳо пас аз он имкони баргузории ин озмунро пайдо карданд, ки намояндаашон дар соли 2019 дар озмун пирӯз шуд.