https://sputnik.tj/20210405/haj-safar-zoiron-1033137231.html
Маълум шуд, ки кай аввалин зоирон аз Русия ба Макка сафар мекунанд
Маълум шуд, ки кай аввалин зоирон аз Русия ба Макка сафар мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мусалмонони Русия рӯзҳои наздик, дар моҳи Рамазон метавонанд ба макони муқаддаси Арабистони Саудӣ сафар кунанд 05.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-05T16:55+0500
2021-04-05T16:55+0500
2021-04-06T14:42+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653389_0:112:3072:1840_1920x0_80_0_0_9adcb5ed61ff8c47131817d3048dde09.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Русия метавонанд моҳи апрел ба Маккаи Арабистони Саудӣ раванд, менависад РИА Новости.Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Рушан Аббясов, хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ хеле зиёданд.Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки гурӯҳи нахустин аллакай дар моҳи Рамазон ба Макка раванд.Бояд қайд кард, ки қаблан муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Қрим Айдер Исмоилов пешниҳод карда буд, ки ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 ба феҳрасти қоидаҳои ҳатмии сафар ба Ҳаҷ ворид карда шавад.Маълум аст, ки арзиши сафар ба Макка (Арабистони Саудӣ) барои мусалмонони Русия барои ҳар як нафар тақрибан аз 3 то 5,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.Қаблан Аббясов хабар дода буд, ки арзиши сафари Ҳаҷ дар соли 2021 аз ҳисоби афзоиши андоз аз арзиши иловашуда афзоиш хоҳад ёфт.Имсол ҳаҷ моҳи июл, ба 20 -23-уми моҳ рост меояд. Шумораи ҷойҳои сафар маҳуд аст. Пеш аз ҳама он нафароне сафар хоҳанд кард, ки соли гузашта арзиши ҳаҷро пардохтаву бинобар пандемия натавонистанд, раванд. Мавсими Ҳаҷ - 2021 баргузор мешавад ё на: посухи Кумитаи динЁдовар мешавем, ки Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом аст.Зиёри ин макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як мартиба фарз аст.Ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағир меёбад.Ҳамчунин мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.
https://sputnik.tj/20210317/haj-mavkuf-shud-1033018284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653389_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8b46d3e697034038a2983bac51a920bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия
Маълум шуд, ки кай аввалин зоирон аз Русия ба Макка сафар мекунанд
16:55 05.04.2021 (Навсозишуда: 14:42 06.04.2021) Мусалмонони Русия рӯзҳои наздик, дар моҳи Рамазон метавонанд ба макони муқаддаси Арабистони Саудӣ сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Русия метавонанд моҳи апрел ба Маккаи Арабистони Саудӣ раванд, менависад
РИА Новости.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Рушан Аббясов, хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ хеле зиёданд.
Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки гурӯҳи нахустин аллакай дар моҳи Рамазон ба Макка раванд.
Бояд қайд кард, ки қаблан муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Қрим Айдер Исмоилов пешниҳод карда буд, ки ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 ба феҳрасти қоидаҳои ҳатмии сафар ба Ҳаҷ ворид карда шавад.
Маълум аст, ки арзиши сафар ба Макка (Арабистони Саудӣ) барои мусалмонони Русия барои ҳар як нафар тақрибан аз 3 то 5,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Қаблан Аббясов хабар дода буд, ки арзиши сафари Ҳаҷ дар соли 2021 аз ҳисоби афзоиши андоз аз арзиши иловашуда афзоиш хоҳад ёфт.
Имсол ҳаҷ моҳи июл, ба 20 -23-уми моҳ рост меояд. Шумораи ҷойҳои сафар маҳуд аст. Пеш аз ҳама он нафароне сафар хоҳанд кард, ки соли гузашта арзиши ҳаҷро пардохтаву бинобар пандемия натавонистанд, раванд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом аст.
Зиёри ин макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як мартиба фарз аст.
Ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағир меёбад.
Ҳамчунин мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.