Дар Эрон мавҷи чоруми карона сар шуд

© AP / Vahid SalemiУченики с родителями во время гимна в первый учебный день в школе в Тегеране
Ученики с родителями во время гимна в первый учебный день в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Дар 24 соати гузашта то зӯҳри имрӯз 13 ҳазору 890 бемори ҷадиди мубтало ба бемории Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва ду ҳазору 48 нафар бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Эрон мавҷи чоруми корона оғоз шуд, хабар медиҳанд расонаҳои кишвар.
Бино бар иттилои "Парс тудей", шумораи қурбониёни коронавирус рӯз то рӯз бештар мешавад.
Автомобиль скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабти 8817 ҳолати нави сирояти коронавирус дар Русия
Гуфта мешавад, фавти 172 нафари дигар аз мубталоён ба бемории Ковиди 19 дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон теъдоди ҷонбохтагони ин бемориро дар ин кишвар ба 63 ҳазору 332 нафар расонадааст.
"ар 24 соати гузашта то зӯҳри имрӯз 13 ҳазору 890 бемори ҷадиди мубтало ба бемории Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва ду ҳазору 48 нафар бистарӣ шуданд", - гуфтааст вазорати тандурустии кишвар.
Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 945 ҳазору 964 нафар расид, ки як миллиону 658 ҳазору 978 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд.
СУТ натиҷаҳои сафараш ба Вуҳанро гуфт: коронавирус аз куҷо пайдо шудааст?
Афзоиши омори мубталоён ба корона дар Эрон дар натиҷаи таътилот ва сафарҳои наврӯзӣ рух медиҳад ва нишондиҳандаи оғози мавҷи чаҳоруми корона дар ин кишвар аст.
Ёдрас мешавем, теъдоди аҳолии кишвар ҳудуди 83 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0