https://sputnik.tj/20210405/Tedod-muhojiron-gayriqonuni-Rusiya-1033133821.html
Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ду баробар кам шуд
Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ду баробар кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ дар Русия тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин бевосита ба пандемия рабт дорад 05.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-05T13:10+0500
2021-04-05T13:10+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
муҳоҷир
ғайриқонунӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133136_0:120:3072:1848_1920x0_80_0_0_b97a207ba4e1d25a2ebf230e1c7f728c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, тайи соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 40% коҳиш ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии ВКД Русия.Ба иттилои манбаъ, соли гузашта 40,9 ҳазор қонуншиканиҳои марбут ба шуғли ғайриқонунии хориҷиён дар Русия сабт карда шуданд. Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилӣ изҳор медорад, ки шумораи вайронкунии қоидаҳои вуруд ва низоми будубош дар кишвар низ ду маротиба кам шудааст.Дар маҷмӯъ, соли гузашта беш аз 204 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,8% камтар аст. Ҳамаи ин мустақиман бо коҳиши вуруди хориҷиён ба кишвар дар замони пандемия алоқаманд аст, шарҳ додаст манбаъ.Ҳамзамон, дар байни муҳоҷироне, ки ба Русия ворид шудаанд, аксар аз кишварҳои ИДМ мебошанд.Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо сабаби паҳн шудани сирояти коронавирус, Русия барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки агар одатан соле аз 9 то 11 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кор кунанд, пас дар соли 2020 шумораи онҳо тақрибан 5,5 миллион нафарро ташкил дод. Аз ин омор тақрибан 900 ҳазорашон иҷозат барои истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат доранд.Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар ин робита аз норасоии нерӯи кориро дар сохтмонҳо хабар дод. Дар ҳамин ҳол ВУД Русия ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон пардохтааст, ки имкон медиҳад, хориҷиён сарфи назар қонуншиканиҳои қаблияшон имкон доранд, ҳузурашонро ғайриқонунӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210404/Biduni-javobgari-Rusiya-khorijiyon-qonun-1033131409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133136_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8f2cb454202378ac1140b810767b5047.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, муҳоҷир, ғайриқонунӣ, дар русия
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, муҳоҷир, ғайриқонунӣ, дар русия
Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ду баробар кам шуд
13:10 05.04.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Шумораи муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ дар Русия тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин бевосита ба пандемия рабт дорад
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, тайи соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 40% коҳиш ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии ВКД Русия.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта 40,9 ҳазор қонуншиканиҳои марбут ба шуғли ғайриқонунии хориҷиён дар Русия сабт карда шуданд. Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилӣ изҳор медорад, ки шумораи вайронкунии қоидаҳои вуруд ва низоми будубош дар кишвар низ ду маротиба кам шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта беш аз 204 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,8% камтар аст. Ҳамаи ин мустақиман бо коҳиши вуруди хориҷиён ба кишвар дар замони пандемия алоқаманд аст, шарҳ додаст манбаъ.
Ҳамзамон, дар байни муҳоҷироне, ки ба Русия ворид шудаанд, аксар аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо сабаби паҳн шудани сирояти коронавирус, Русия барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки агар одатан соле аз 9 то 11 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кор кунанд, пас дар соли 2020 шумораи онҳо тақрибан 5,5 миллион нафарро ташкил дод.
Аз ин омор тақрибан 900 ҳазорашон иҷозат барои истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат доранд.
Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар ин робита аз норасоии нерӯи кориро дар сохтмонҳо хабар дод.
Дар ҳамин ҳол ВУД Русия ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон пардохтааст, ки имкон медиҳад, хориҷиён сарфи назар қонуншиканиҳои қаблияшон имкон доранд, ҳузурашонро ғайриқонунӣ намоянд.