Эълони рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Қирғизистон

© Sputnik / Стас ЭтвешПолумесяц, архивное фото
Полумесяц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Пештар рӯҳониёни Қирғизистон рӯзи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон карда буданд ва инак рӯзи дақиқ маълум шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Қирғизистон рӯзи 13 апрел оғоз мешавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Пештар рӯҳониёни Қирғизистон рӯзи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазонро 13 - 14 апрел эълон карда буданд.
Моҳи шарифи Рамазон 11 ё 12 май ба итмом мерасад. Поёни моҳи шарифи Рамазонро мардуми мусалмон чун иди бузург ҷашм мегиранд.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.
Ёдрас мешавем, ки Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол эҳтимол аст моҳи шарифи Рамазон ба 13 апрел рост ояд.
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
“Қарори ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқ пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳо ва Шӯрои уламо қабул ва дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад”, - гуфта буд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0