https://sputnik.tj/20210404/Senator-Pushkov-surudi-Manizharo-partov-guft---video-1033132004.html
Сенатор Пушков суруди Манижаро “партов” гуфт: тамошобинаш аз 7 млн гузашт - видео
Сенатор Пушков суруди Манижаро “партов” гуфт: тамошобинаш аз 7 млн гузашт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Алексей Пушков, раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иттилоотӣ, дигарбора Манижаро, ки аз Русия барои Eurovision – 2021 пешниҳод шудааст, мавриди... 04.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-04T19:32+0500
2021-04-04T19:32+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
алексей пушков
танқид
суруд
манижа сангин
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:258:2725:1790_1920x0_80_0_0_30f7ae11acb11cafcdba65a564be6d96.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Сенатори Русия Алексей Пушков дар бораи суруди Манижа барои Eurovision – 2021, ки зери унвони Russian Woman пешниҳод шудааст, изҳороти тунд дод. Ӯ назарашро дар саҳифаи Телеграм баён доштаст. Интиқоди суруди Манижа дар ҳошияи шарҳи сенатор аз Ярослав Якубчук садо дод, ки дар озмуни кӯдаконаи "Голос" дар Бритониё аз санҷишҳо гузашта, ба финал баромад. Пештар дар Русия ин овозхони ҷавон ба нокомӣ дучор шуда, натавонист ҳатто марҳилаи интихобиро убур намояд ва ҳунарнамоияш ба пахши телевизионӣ роҳ наёфт.Якубчук дар намоиши Бритониё Nessun dorma – ро аз операи Пуччини "Турандот" иҷро карда, фавран таваҷҷӯҳи мухлисонро ба даст овард. Рэпери амрикоӣ will.i.am мураббии Якубчук интихоб шуд.Пас аз шарҳи хабар дар бораи Якубчук, Пушков ба суруди Манижа барои Eurovision 2021 гузашт ва онро "партов" номид.Вай хотиррасон кард, ки фарҳанги оммавӣ гуногун аст ва таъкид намуд, ки “барои мо нусхаҳоро таҳмил карда истодаанд”.Ин танқид дар ҳолест, ки теъдоди тамошобинони суруди Russian Woman, аз 7 миллион гузашта, дар сафҳаи Eurovision пешсаф мебошад.
https://sputnik.tj/20210403/Namohang-Manizha-Evrovidenie---2021-1033128673.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:3:2725:2046_1920x0_80_0_0_1824afe9073d5c9e0e9d9641f9cfbe61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, алексей пушков, танқид, суруд, манижа сангин, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, алексей пушков, танқид, суруд, манижа сангин, дар русия, дар тоҷикистон
Сенатор Пушков суруди Манижаро “партов” гуфт: тамошобинаш аз 7 млн гузашт - видео
19:32 04.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Алексей Пушков, раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иттилоотӣ, дигарбора Манижаро, ки аз Русия барои Eurovision – 2021 пешниҳод шудааст, мавриди интиқод қарор дод
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Сенатори Русия Алексей Пушков дар бораи суруди Манижа барои Eurovision – 2021, ки зери унвони Russian Woman пешниҳод шудааст, изҳороти тунд дод. Ӯ назарашро дар саҳифаи
Телеграм баён доштаст.
Интиқоди суруди Манижа дар ҳошияи шарҳи сенатор аз Ярослав Якубчук садо дод, ки дар озмуни кӯдаконаи "Голос" дар Бритониё аз санҷишҳо гузашта, ба финал баромад. Пештар дар Русия ин овозхони ҷавон ба нокомӣ дучор шуда, натавонист ҳатто марҳилаи интихобиро убур намояд ва ҳунарнамоияш ба пахши телевизионӣ роҳ наёфт.
Якубчук дар намоиши Бритониё Nessun dorma – ро аз операи Пуччини "Турандот" иҷро карда, фавран таваҷҷӯҳи мухлисонро ба даст овард. Рэпери амрикоӣ will.i.am мураббии Якубчук интихоб шуд.
Пас аз шарҳи хабар дар бораи Якубчук, Пушков ба суруди Манижа барои Eurovision 2021 гузашт ва онро "партов" номид.
"Ҳамаи ин ғамангез аст. Мисли суруди Манижа, партовест, ки ба таблиғи фаъоли он аллакай оғоз кардаанд ", - қайд кард сенатор.
Вай хотиррасон кард, ки фарҳанги оммавӣ гуногун аст ва таъкид намуд, ки “барои мо нусхаҳоро таҳмил карда истодаанд”.
Ин танқид дар ҳолест, ки теъдоди тамошобинони суруди Russian Woman, аз 7 миллион гузашта, дар сафҳаи Eurovision пешсаф мебошад.