https://sputnik.tj/20210404/Dushanbe-jashnvorai-aftai-kitobi-1033130743.html
Дар Душанбе ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" оғоз шуд
Дар Душанбе ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" оғоз шуд. Ин ҷашнвора то 9 апрел идома... 04.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-04T12:25+0500
2021-04-04T12:25+0500
2021-04-06T15:09+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
китоб
ҷашнвора
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/62/1028646232_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_bb0b76b90ebf8698d170902b1acadcec.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" бо тантана оғоз гардид.Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, аввал дар саҳни китобхона намоиши китоб таҳти унвони "Фурӯғи субҳи доноӣ…", намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуда, порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии "Лӯхтак" ва Сирки давлатии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардид.Ҷашнвораро бо сухани ифтитоҳии муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор оғоз кард.Ҳамчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод баромад карда, адибон Латофат Кенҷаева ва Муҳамад Ғоиб иштирокдорони фестивалро табрик намуд.Ин ҷашнвора ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида шудааст.Вазорати фарҳанг ҳадафи асосии баргузории фестивалро ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мегӯяд.Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод Истиқлол!" 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.
https://sputnik.tj/20210401/Barandai-Furgi-subhi-donoi-Rano-Nasriddinova-jarrohi-1033117342.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/62/1028646232_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_7d9e08f497c4f8bce9d352b28896b3c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, китоб, ҷашнвора, душанбе
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, китоб, ҷашнвора, душанбе
Дар Душанбе ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" оғоз шуд
12:25 04.04.2021 (Навсозишуда: 15:09 06.04.2021) Дар Душанбе Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" оғоз шуд. Ин ҷашнвора то 9 апрел идома хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" бо тантана оғоз гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, аввал дар саҳни китобхона намоиши китоб таҳти унвони "Фурӯғи субҳи доноӣ…", намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуда, порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии "Лӯхтак" ва Сирки давлатии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардид.
Ҷашнвораро бо сухани ифтитоҳии муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор оғоз кард.
Ҳамчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод баромад карда, адибон Латофат Кенҷаева ва Муҳамад Ғоиб иштирокдорони фестивалро табрик намуд.
Ин ҷашнвора ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида шудааст.
Вазорати фарҳанг ҳадафи асосии баргузории фестивалро ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мегӯяд.
Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод Истиқлол!" 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.