https://sputnik.tj/20210404/Darguzasht-Asalbegim-Saodatova-hunarpesha-mardumi-Tojikiston-1033132156.html
Даргузашти Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
Даргузашти Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар соли 71-уми умраш дар шаҳри Душанбе дунёро падрӯд гуфт 04.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-04T21:20+0500
2021-04-04T21:20+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
ҳунарпеша
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт, хабар додааст Зеваршоҳ Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифааш.Зеваршоҳ Муҳаммад, ки бештар мавзӯъҳои фарҳангиро пайгирӣ мекунад, иттилоъ додаст, ки Асалбегим Саодатова пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А.В. Луначарский ба Ватан баргашта, аз бунёдгузорони театри “Ҷавонон”-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеорандМанбаъ афзуд, ки Саодатова миёни мардум бештар бо нақши "Аҷузкампир" аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” машҳур буд.Ҳунарпешаи мардумӣ моҳи ноябри соли гузашта 70-солагияшро таҷлил кард. Наздиконаш мегӯянд, солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст.Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 5 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, ҳунарпеша, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, ҳунарпеша, дар русия, дар тоҷикистон
Даргузашти Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
21:20 04.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар соли 71-уми умраш дар шаҳри Душанбе дунёро падрӯд гуфт
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт, хабар додааст Зеваршоҳ Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифааш.
Зеваршоҳ Муҳаммад, ки бештар мавзӯъҳои фарҳангиро пайгирӣ мекунад, иттилоъ додаст, ки Асалбегим Саодатова пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А.В. Луначарский ба Ватан баргашта, аз бунёдгузорони театри “Ҷавонон”-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.
Манбаъ афзуд, ки Саодатова миёни мардум бештар бо нақши "Аҷузкампир" аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” машҳур буд.
Ҳунарпешаи мардумӣ моҳи ноябри соли гузашта 70-солагияшро таҷлил кард. Наздиконаш мегӯянд, солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст.
Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 5 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар аст.