Парвози "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Маскав ба таъхир афтод

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Парвози ширкати тоҷикии "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия барои рӯзи чоруми апрел бо таъхир сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр", ки бояд аз Душанбе ба Маскав сурат гирад, бо таъхир ба Домодедово мерасад. Аз ин маълумоти ҷадвали парвозҳои онлайн, ки дар вебсайти фурудгоҳ гузошта шудааст, шаҳодат медиҳад.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Субҳонзода таъхири парвоз ба Русияро шарҳ доду гуфт, зарари мусофирон ҷуброн мешавад
Қаблан ширкат дақиқ карда буд, ки ҳавопаймо соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ пойтахти Тоҷикистонро тарк мекунад ва то соати 14:00 ба Маскав мерасад. Соати 16:00 парвоз бояд ба Душанбе баргардад.
Тибқи иттилое, ки дар сайти фурудгоҳи Домодедово нашр шудааст, парвози ҳавопаймо 1 соату 30 дақиқа ба таъхир афтодааст. Ҳамин тариқ, мусофироне, ки бо ин ҳавопаймо парвоз мекунанд, метавонанд танҳо соати 16:00 ба Маскав расанд.
Сабаби таъхири парвоз маълум нест, вебсайти "Сомон Эйр" бидуни имкони дидани таблои онлайн кор мекунад.
Қаблан, нахустин парвози мунтазами UTair аз Душанбе ба Маскав парвоз кард, ки 249 мусофире, ки барои ин ҳавопаймо чипта харида буданд, ба он савор шуда натавонистанд. Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин шаҳрвандон ҳеҷ далеле барои вуруд ба Русия надоштанд.
249 мусофир ба нахустин парвози мунтазами самти Русия роҳ наёфтанд: сабаб
Ёдовар мешавем, ки сабабҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия бо фармони Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли 2020 № 635-р муайян карда мешаванд.
"Сомон Эйр" дуввумин ширкате аст, ки парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистон ба Русия ва бозгашт анҷом медиҳад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ширкат, ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба, рӯзи сешанбе парвоз мекунанд.
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Русия аз 1 апрел дар бораи оғози парвозҳо байни Маскав ва Душанбе хабар дод. Ҳаракати ҳавоӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз як сол ба сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.
Агентии авиатсисияи граждании Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопайморо аз Душанбе ба Маскав 250-350 доллар муқаррар кардааст.
Бозгаштан арзонтар хоҳад буд. Арзиши чипта барои парвоз аз Маскав ба Душанбе аз 150 то 250 долларро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0