https://sputnik.tj/20210403/Muhriddin-Maskav-hamto-Armaniston-1033129644.html
Муҳриддин дар Маскав бо ҳамтои худ аз Арманистон чиро баррасӣ кард
Муҳриддин дар Маскав бо ҳамтои худ аз Арманистон чиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян бо имзо кардани Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар анҷом ёфт 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T21:00+0500
2021-04-03T21:00+0500
2021-04-06T14:49+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033129576_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_9e2017058a065ad1fe4e8a5343638f26.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дар Маскав имрӯз мулоқоти Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯ аз Арманиятон сурат гирифт, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.Гуфта мешавад, вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033129576_105:0:1113:756_1920x0_80_0_0_8e35a42b722f504d90fc47ae81cee4c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
Муҳриддин дар Маскав бо ҳамтои худ аз Арманистон чиро баррасӣ кард
21:00 03.04.2021 (Навсозишуда: 14:49 06.04.2021) Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян бо имзо кардани Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дар Маскав имрӯз мулоқоти Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯ аз Арманиятон сурат гирифт, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
"Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.