https://sputnik.tj/20210403/Jabborov-tamrin-Botkand-1033126464.html
Ҷабборов ҷараёни тамринҳои васеъмиқёси ҳарбиро дар Ботканд мушоҳида мекунад
Ҷабборов ҷараёни тамринҳои васеъмиқёси ҳарбиро дар Ботканд мушоҳида мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сар аз 1 апрел дар се минтақаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммар аст, машқҳои низомӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо тақрибан 2 ҳазор нафар иштирок доранд... 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T13:40+0500
2021-04-03T13:40+0500
2021-04-06T14:58+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033126477_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_b7123fccc9d088f8f7b7486bb90a7d47.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон баромадааст.Тибқи иттилои котиботи Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҷараёни машқҳои васеъмиқёси низомии "Амният-2021" ва "Ташаккули ҷануб- 2021"-ро мушоҳида мекунад.БА иттилои манбаъ Ҷабборов бо сафари корӣ имрӯзу фардо аз минтақаҳои Ботканд ва Ош боздид мекунад. Дар Ботканд Ҷабборов марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомиро назорат карда, аз иншооти энергетикӣ ва саноатиро дидан хоҳад каррд.Дар рӯзи дуввум Ҷаборов ба ноҳияи Олойи вилояти Ош ташриф меорад.Тавре қаблан Вазорати мудофиа ин кишвар хабар дода буд, машқҳо дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолобод аз 1 то 3 апрел баргузор мешаванд. Дар тамринот тақрибан 2 ҳазор нафар, 100 адад техникаи автомобилӣ, зиреҳпӯш ва махсус, то 20 адад системаи артиллерия ва 10 адад таҷҳизоти авиатсионӣ ҷалб карда шудаанд.Гуфта мешавад, ҳадафи тамринҳо иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар вазъияти шадид мебошад."Дар ҷаҳони муосир, чолишҳо ва таҳдидҳои асосӣ терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошанд. Мо бояд омода бошем, ки ҳимоя ва амнияти шаҳрвандони Қирғизистон ва дар маҷмӯъ кишварро таъмин кунем", - гуфт вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев.Қобили зикр аст, ки дар Ботканд ва ноҳияи ҳамноми он соати комендантӣ ҷорӣ шудааст. Тартиби ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони корҳои дохилӣ шабонарӯзӣ таъмин карда мешавад.
https://sputnik.tj/20210402/navor-marz-qirghiz-tojik-1033123977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033126477_16:0:737:541_1920x0_80_0_0_d49249607231d4df8d59f50766aba123.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа
Ҷабборов ҷараёни тамринҳои васеъмиқёси ҳарбиро дар Ботканд мушоҳида мекунад
13:40 03.04.2021 (Навсозишуда: 14:58 06.04.2021) Сар аз 1 апрел дар се минтақаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммар аст, машқҳои низомӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо тақрибан 2 ҳазор нафар иштирок доранд. Имрӯз марҳилаи ниҳоии тамрин аст
ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон баромадааст.
Тибқи иттилои котиботи Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҷараёни машқҳои васеъмиқёси низомии "Амният-2021" ва "Ташаккули ҷануб- 2021"-ро мушоҳида мекунад.
БА иттилои манбаъ Ҷабборов бо сафари корӣ имрӯзу фардо аз минтақаҳои Ботканд ва Ош боздид мекунад. Дар Ботканд Ҷабборов марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомиро назорат карда, аз иншооти энергетикӣ ва саноатиро дидан хоҳад каррд.
Дар рӯзи дуввум Ҷаборов ба ноҳияи Олойи вилояти Ош ташриф меорад.
Тавре қаблан Вазорати мудофиа ин кишвар хабар дода буд, машқҳо дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолобод аз 1 то 3 апрел баргузор мешаванд. Дар тамринот тақрибан 2 ҳазор нафар, 100 адад техникаи автомобилӣ, зиреҳпӯш ва махсус, то 20 адад системаи артиллерия ва 10 адад таҷҳизоти авиатсионӣ ҷалб карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳадафи тамринҳо иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар вазъияти шадид мебошад.
"Дар ҷаҳони муосир, чолишҳо ва таҳдидҳои асосӣ терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошанд. Мо бояд омода бошем, ки ҳимоя ва амнияти шаҳрвандони Қирғизистон ва дар маҷмӯъ кишварро таъмин кунем", - гуфт вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев.
Қобили зикр аст, ки дар Ботканд ва ноҳияи ҳамноми он соати комендантӣ ҷорӣ шудааст. Тартиби ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони корҳои дохилӣ шабонарӯзӣ таъмин карда мешавад.