Дар Фурудгоҳи Хуҷанд 60 мусофир аз парвози чартерӣ боз дошта шуданд: сабаб гуфта шуд

© © SputnikОчередь в аэропорту города Худжанда
Очередь в аэропорту города Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Обуна шудан
Ҳудуди 60 мусофир, ки тавассути ду хатсайри чартерии ҳавопаймоӣ аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Федератсияи Русия азми сафар доштанд, аз парвоз боз дошта шуданд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ин гурӯҳи мусофирон, барои сафар ба шаҳрҳои Самара ва Екатеринбурги Русия дар рӯзи 1 апрел чиптаи ҳавопаймо харида буданд, вале дар Фурудгоҳи Хуҷанд онҳоро аз парвоз боз доштаанд.
Юсуфҷон Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби аз сафар боз дошта шудани ин теъдод мусофиронро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, мақсади сафари ин гурӯҳи сокинон, барои табобат ба Федератсияи Русия гуфта шуда, ҳеҷ кадоми онҳо ҳуҷҷатҳои худро дар Портали ягонаи хизматрасонии давлатии Русия ба қайд нагирифтаанд.
“Тибқи муқарорати қонунӣ, ки ахиран санаи 23 марти соли ҷорӣ ин кишвар ҷорӣ намуд, барои онҳое, бо мақсади табобат ба Русия сафар мекунанд, сабт намудан дар ин портал ҳатмӣ шудааст”, иброз намуд Маюсуфов.
Котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд зикр кард, ки ба ин тартиб аз сафар боз доштани мусофирон ба манфияти худи онҳо аст, вагарна ба эҳтимоли зиёд онҳо дар мусофират ба сарсонӣ дучор мешуданд.
Ба гуфтаи Маюсуфов ҳоло ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ оиди баргардонидани маблағи чипаи мусофирон ва ё ба хатсайрҳои дигар номнавис кардани онҳо корбарӣ доранд.
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
249 мусофир ба нахустин парвози мунтазами самти Русия роҳ наёфтанд: сабаб
Санаи 23 марти соли ҷорӣ қарори нави ҳукумати Русия, № 737 дар бораи ворид намудани тағйирот ба сархати 12 уми қарор аз 16 марти соли 2020 и ин кишвар ба тасвид расид.
Тибқи қарори нав он шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади табобат ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, бояд маълумотномаи тиббии хуро дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатии Русия ба қайд гузоранд.
Дар ҳоли ба сабт накардан, Русия мусофиронро қабул намекунад ва ё эҳтимоли хориҷ (депорт) шудан аз қаламрави он вуҷуд дошта метавонад. Котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд гуфт, барои огоҳ намудани мусофирон дар бораи моҳияти ин қарор, мақомот ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ мондаанд.
“Нусхаи ин қарор дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ насб карда шудааст. Танҳо дар ҳолати қайд шудан дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатии Русия ба сокиноне, ки бо мақсади табобат ба Русия рафтаниянд чиптаи ҳавопаймо фурӯхта мешавад”, гуфт Маюсуфов.
Бино ба иттилоъи манбаъ зимнан парвозҳои чартерӣ аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия идома доранд ва ҳамарӯза аз ду то се парвоз аз сӯи ширкатҳои “Уралские авиалинии”, “Ют эйр” ва “S 7” анҷом дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0