https://sputnik.tj/20210401/Zhirinovskiy-barqarori-parvozho-Tajikistanu-Rusiya--1033114923.html
Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон хушбин нест 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T16:00+0500
2021-04-01T16:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
владимир жириновский
роҳбар
ҳизб
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_0:9:1735:985_1920x0_80_0_0_535ff4c3927656d4b3187ec236b2c138.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Маскав ва Душанбе изҳори назар кард. Изҳороти сиёсатмадор дар канали Telegram-и ӯ нашр шудааст."Парвозҳо ба кишварҳои гуногун аз ҷумла ба Осиё: Тошканд, Душанбе, Коломбо ва ғайра боз шудааст. Мо нишондиҳандаҳои хуб дорем: мавҷи сеюм нест, шумори сироятёфтагон низ кам шудааст", - таъкид дошт Жириновский.Роҳбари Ҳизби либерал-демократ аз мақомот даъват намуд, ки то фасли тобистон вируси коронаро нест кунанд. Ба гуфтаи ӯ бо коронавирус ҳарчи зудтар бояд мубориза бурд, вагарна ба Русия боз ин вирусро ворид хоҳанд кард.Сиёсатмадор инчунин вазъи кунунии Аврупоро, ки дар он мавҷи сеюми COVID-19 авҷ гирифтааст, шарҳ дод. Вай қайд кард, ки ҳоло бисёр кишварҳо маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ намудаанд.Ҳамзамон, ӯ ишора кард, ки сайёҳони рус ба Хорватия, Туркия ва Словения даъват карда мешаванд."Онҳо ба пул ниёз доранд, чаро мо бояд аз онҷо беморӣ биёрем? Ин иштибоҳ аст. Барои ин мо ҳукуматро ҳангоми ироаи гузориши худ ба Думаи давлатӣ танқид хоҳем кард", - хулоса кард сиёсатмадор.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 1-уми апрел парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро барқарор кард. Парвозҳо байни кишварҳо моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буд.Аввалин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав тавассути ширкати Ют Эйр рӯзи 2 апрел сурат хоҳад гирифт. Сокинони Душанбе чиптаи ҳавопайморо ба самти Маскав метавонанд бо арзиши 250-350 доллар харидорӣ намоянд. Бозгашт ба Тоҷикистон арзонтар хоҳад буд. Арзиши чипта барои парвоз аз Маскав ба Душанбе аз 150 то 250 долларро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210302/Zhirinovskiy-peshnihod-Tajikistan-hayati-Rusiya-shomil-1032928014.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_167:0:1698:1148_1920x0_80_0_0_46f34f1dfea47a5d37c376b54a09a389.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, владимир жириновский, роҳбар, ҳизб, парвоз, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар русия, владимир жириновский, роҳбар, ҳизб, парвоз, дар тоҷикистон
Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
16:00 01.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон хушбин нест
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Маскав ва Душанбе изҳори назар кард. Изҳороти сиёсатмадор дар канали Telegram-и ӯ нашр шудааст.
"Парвозҳо ба кишварҳои гуногун аз ҷумла ба Осиё: Тошканд, Душанбе, Коломбо ва ғайра боз шудааст. Мо нишондиҳандаҳои хуб дорем: мавҷи сеюм нест, шумори сироятёфтагон низ кам шудааст", - таъкид дошт Жириновский.
Роҳбари Ҳизби либерал-демократ аз мақомот даъват намуд, ки то фасли тобистон вируси коронаро нест кунанд. Ба гуфтаи ӯ бо коронавирус ҳарчи зудтар бояд мубориза бурд, вагарна ба Русия боз ин вирусро ворид хоҳанд кард.
Сиёсатмадор инчунин вазъи кунунии Аврупоро, ки дар он мавҷи сеюми COVID-19 авҷ гирифтааст, шарҳ дод. Вай қайд кард, ки ҳоло бисёр кишварҳо маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ намудаанд.
"Аврупо, баръакс, чораҳои шадидтарро пеш гирифтааст" . Ба хотири коҳиши шумораи сироятёбӣ ҳама ҷоро бастанд, аммо мо баъакс мехоҳем ҳамаро боз хароб кунем", - гуфт Жириновский.
Ҳамзамон, ӯ ишора кард, ки сайёҳони рус ба Хорватия, Туркия ва Словения даъват карда мешаванд.
"Онҳо ба пул ниёз доранд, чаро мо бояд аз онҷо беморӣ биёрем? Ин иштибоҳ аст. Барои ин мо ҳукуматро ҳангоми ироаи гузориши худ ба Думаи давлатӣ танқид хоҳем кард", - хулоса кард сиёсатмадор.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 1-уми апрел парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро барқарор кард. Парвозҳо байни кишварҳо моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буд.
Аввалин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав тавассути ширкати Ют Эйр рӯзи 2 апрел сурат хоҳад гирифт. Сокинони Душанбе чиптаи ҳавопайморо ба самти Маскав метавонанд бо арзиши 250-350 доллар харидорӣ намоянд. Бозгашт ба Тоҷикистон арзонтар хоҳад буд. Арзиши чипта барои парвоз аз Маскав ба Душанбе аз 150 то 250 долларро ташкил медиҳад.