https://sputnik.tj/20210401/Rais-Shuroi-ulamoi-Takhori-kushta-1033112456.html
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон, рӯзи 31 март дар пайи таркиши мина дар дохили худраваш кушта шуд 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T10:15+0500
2021-04-01T10:15+0500
2021-04-01T11:47+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
шӯрои уламои ҷт
волии тахор
сухангӯи раиси вилояти тахор
кушта шудан
таркиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032494446_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_e2b155a8ba5a1353714b18e0df2e3088.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сухангӯи полиси вилояти Тахори Афғонистон Халил Асир 31 март иттилоъ додааст, ки Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, нимаи дуюми рӯз кушта шудааст.Бино ба гузориши манбаъ, ин воқеаи нохуш, тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст.Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинаи худ кушта шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шабакаи телевизионии Tolonews.com.Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд.Инчунин Tolonews.com бо истинод ба сухангӯи полиси Балх Одилшоҳ Одил иттилоъ додааст, ки 31 март дар вулусволии Балхи ин вилоят бар асари таркиши мина ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 16 шаҳрванд, аз ҷумла се хизматчии низомӣ маҷрӯҳ шуданд.Роҳбари "Толибон" мулло Мутеуллоҳ кушта шуд?Вай афзудааст, ки ин ҳодиса ҳангоми таркиши минаи дар ароба ҷойсозишуда дар маҳаллаи Бандари Кулфат, маркази вулусволии Балх рух дод.Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.
https://sputnik.tj/20210331/Dil-dardmand-Osiyo-Markaz-mushkiloti-khotim-jang-Afgoniston-1033110356.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032494446_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ca96b2832ae62653cac21ebb3d1cce49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, шӯрои уламои ҷт, волии тахор, сухангӯи раиси вилояти тахор, кушта шудан, таркиш
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, шӯрои уламои ҷт, волии тахор, сухангӯи раиси вилояти тахор, кушта шудан, таркиш
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд
10:15 01.04.2021 (Навсозишуда: 11:47 01.04.2021) Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон, рӯзи 31 март дар пайи таркиши мина дар дохили худраваш кушта шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сухангӯи полиси вилояти Тахори Афғонистон Халил Асир 31 март иттилоъ додааст, ки Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, нимаи дуюми рӯз кушта шудааст.
Бино ба гузориши манбаъ, ин воқеаи нохуш, тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст.
Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинаи худ кушта шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шабакаи телевизионии Tolonews.com.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Инчунин Tolonews.com бо истинод ба сухангӯи полиси Балх Одилшоҳ Одил иттилоъ додааст, ки 31 март дар вулусволии Балхи ин вилоят бар асари таркиши мина ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 16 шаҳрванд, аз ҷумла се хизматчии низомӣ маҷрӯҳ шуданд.
Вай афзудааст, ки ин ҳодиса ҳангоми таркиши минаи дар ароба ҷойсозишуда дар маҳаллаи Бандари Кулфат, маркази вулусволии Балх рух дод.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.