https://sputnik.tj/20210401/Kholizoda-vaksin-AstraZeneca-1033116108.html
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Бемористиони Ибни Сино гуфтааст, ки шояд дар гузаронидани ваксини AstraZeneca шитоб накунем 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T17:40+0500
2021-04-01T17:40+0500
2021-07-07T18:10+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
роҳбар
пешниҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033116248_0:219:1000:782_1920x0_80_0_0_3d3f134b81c92745b998a781513852b5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik. Абдухалил Холиқзода, дар сафҳаи фейбукияш мулоҳизаашро дар бораи ваксинаи AstraZeneca, ки эмкунии он дар Тоҷикистон оғоз шуд, навиштааст, аз он сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд.Номбурда аз сару садоҳо дар мавриди пайдошудани оризаҳо пас аз эмкунӣ бо ин ваксин гуфт."Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад...", - навиштааст ӯ.Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд.Табиб гуфтааст, ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст.Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон онро бепул дарёфт намуда бошад ҳам, вале аз тариқи барномаи Covax он маблағгузорӣ шудааст."Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем? Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем".Холиқзода ҳамзамон дар мавриди қазияи муовини вазири тандурустӣ ва барканорияш аз мансаб низ изҳори назар карда, гуфтааст, ки дар аҳди коронавирус хизматҳои зиёде карда буд.Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол ёфт.Зимнан, пас аз тасвиб шудани қарори кишвардори Тоҷикистон расман сар аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.
https://sputnik.tj/20210322/favt-vaksina-AstraZeneca-Norvegiya-1033049370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033116248_0:126:1000:876_1920x0_80_0_0_6a619e22bbcc7eae0213df77c65f2e1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, роҳбар, пешниҳод
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, роҳбар, пешниҳод
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
17:40 01.04.2021 (Навсозишуда: 18:10 07.07.2021) Раҳбари Бемористиони Ибни Сино гуфтааст, ки шояд дар гузаронидани ваксини AstraZeneca шитоб накунем
ДУШАНБЕ, 1 апрел - Sputnik. Абдухалил Холиқзода, дар сафҳаи фейбукияш мулоҳизаашро дар бораи ваксинаи AstraZeneca, ки эмкунии он дар Тоҷикистон оғоз шуд, навиштааст, аз он сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд.
"Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад",- навиштааст ӯ.
Номбурда аз сару садоҳо дар мавриди пайдошудани оризаҳо пас аз эмкунӣ бо ин ваксин гуфт.
"Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад...", - навиштааст ӯ.
Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд.
Табиб гуфтааст, ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон онро бепул дарёфт намуда бошад ҳам, вале аз тариқи барномаи Covax он маблағгузорӣ шудааст.
"Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем? Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем".
Холиқзода ҳамзамон дар мавриди қазияи муовини вазири тандурустӣ ва барканорияш аз мансаб низ изҳори назар карда, гуфтааст, ки дар аҳди коронавирус хизматҳои зиёде карда буд.
Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол ёфт.
Зимнан, пас аз тасвиб шудани қарори кишвардори Тоҷикистон расман сар аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.