https://sputnik.tj/20210331/rahmon-muloqot-tojikiston-pokiston-1033106392.html
Мулоқоти Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Покистон
Мулоқоти Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Покистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Маҳмуд Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуд 31.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-31T13:37+0500
2021-03-31T13:37+0500
2021-08-10T16:35+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
покистон
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098756_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_b205a915dfaf2dd0453c6f4e10fea261.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 31 апрел дар ҳошияи Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст.Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидамДар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи “CASA-1000”, зарурати интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
https://sputnik.tj/20210330/Emomali-Rahmon-Hinduston-intiqol-hazor-voya-vaksina-qanoatmand-1033103035.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098756_171:0:1611:1080_1920x0_80_0_0_1ed7e86efb1287c7392c769d0f9ac3e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , покистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот
дар тоҷикистон, сиёсат , покистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот
Мулоқоти Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Покистон
13:37 31.03.2021 (Навсозишуда: 16:35 10.08.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Маҳмуд Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 31 апрел дар ҳошияи Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст.
Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи “CASA-1000”, зарурати интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.