https://sputnik.tj/20210331/qabuli-qonun-tamini-suzishvorii-arzon-Tojikiston-1033109044.html
Қабули қонун барои таъмини сӯзишвории арзон дар Тоҷикистон
Қабули қонун барои таъмини сӯзишвории арзон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои таъмини арзонии сӯзишворӣ дар бозорҳои кишвар ба қонуни буҷа барои соли 2021 тағйирот ворид намуд 31.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-31T16:30+0500
2021-03-31T16:30+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
сӯзишворӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7a23e79a3ccf4a06dae7ce0cf445577c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Парлумон ба Ожонси захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки бензин ва сӯзишвории дизелиро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ворид кунад.Тибқи иттилои котиботи парлумон ҳаҷми сӯзишвориеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз ворид мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мушаххас гуфта нашудааст, ки чӣ қадар сӯзишворӣ тариқи имтиёзӣ ворид мегардад.Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйироти дахлдор ба қонуни буҷа барои соли 2021 таъкид намуд, ки ҳадафи он таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ мебошад.Ин дар ҳолест, ки моҳи равон дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон камбуди мол ҷой дошта, нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ боло рафт.Нимаи моҳи март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт нархи бензин барои ҳар литр ба 8,10-8,40 сомонӣ (вобаста аз тамға) мерасид, дар ҳоле ки моҳи феврал нархи миёнаи як литр аз 7,20 сомонӣ зиёд набуд.
https://sputnik.tj/20210317/Narkh-suzishvori-avtobus-Khujand-1033018070.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_143fba8d0f41476bd64987ea2019d6fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, сӯзишворӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, сӯзишворӣ, дар тоҷикистон
Қабули қонун барои таъмини сӯзишвории арзон дар Тоҷикистон
16:30 31.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои таъмини арзонии сӯзишворӣ дар бозорҳои кишвар ба қонуни буҷа барои соли 2021 тағйирот ворид намуд
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Парлумон ба Ожонси захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки бензин ва сӯзишвории дизелиро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ворид кунад.
Тибқи иттилои котиботи парлумон ҳаҷми сӯзишвориеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз ворид мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мушаххас гуфта нашудааст, ки чӣ қадар сӯзишворӣ тариқи имтиёзӣ ворид мегардад.
Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйироти дахлдор ба қонуни буҷа барои соли 2021 таъкид намуд, ки ҳадафи он таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи равон дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон камбуди мол ҷой дошта, нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ боло рафт.
Нимаи моҳи март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт нархи бензин барои ҳар литр ба 8,10-8,40 сомонӣ (вобаста аз тамға) мерасид, дар ҳоле ки моҳи феврал нархи миёнаи як литр аз 7,20 сомонӣ зиёд набуд.